Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бесарнишинҳои Украина ба ҳашт минтақаи Русия ҳамла кардаанд


Вазорати дифои Русия рӯзи чоршанбеи 14-уми август хабар дод, ки шабонарӯзи ахир 117 дрон ё ҳавопаймои бесарнишини украиниро нобуд кардаанд.

Ба қавли манбаъ, дронҳо ба ҳашт минтақа ҳамлавар шудаанд. Аз ҷумла 37 бесарнишин дар Курск, 37 адад дар Воронеж, 17-то дар Белгород ва боқимонда ба фарози Нижегород, Волгоград, Брянск ва Ростови лаби Дон нобуд карда шудаанд.

Мақомоти Украина дар ин бора расман чизе нагуфтаанд. Вазорати дифои Русия ҳам нагуфтааст, ки ҳадафи дронҳо кадом иншоотҳо буданд.

Александр Гусев, волии вилояти Воронеж гуфт, бар асари харобаҳои ҳавопаймоҳои бесарнишин чанд хона ва иншооти иҷтимоӣ осеб дидаанд. Гусев афзуд, касе қурбон нашудааст.

XS
SM
MD
LG