Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Байден сармоягузоронро ба пирӯзияш дар интихобот мутмаин сохт


Президенти ИМА Ҷо Байден баъди он ки мубоҳисаи шоми 27 нигарониҳоеро дар бораи номзадии ӯ ба миён овард, сармоягузорони Ҳизби демократи Амрикоро мутмаин сохт, ки бар номзади ҷумҳурихоҳон пирӯз хоҳад шуд.

Байден рӯзи шанбе дар як қатор чорабиниҳо барои ҷамъоварии пул ба маъракаҳои интихоботӣ дар шаҳрҳои Ню-Йорк ва Ню-Ҷерсӣ иштирок ва аз мубоҳисаи телевизионияш дар CNN ҳимоят кардааст.

Президенти ИМА иқрор карда, ки он шом барои ӯ номуваффақ буд, "ва барои Трамп (номзади ҷумҳурихоҳон Доналд Трамп) ҳам", - изҳор дошт вай. Байден гуфт, мехоҳад дар интихобот пирӯз шавад.

Ба иттилои "Садои Амрико", суханронии Байдени 81-сола дар нахустин мубоҳисаи телевизионӣ нигаронии бештари демократҳоро ба бор овардааст. Байден на ҳамеша тавонистааст, ки назари худро то охир баён кунад ва дар посух ба ҳарфҳои рақиб бо мушкил рӯбарӯ шудааст. Нашрияи "The New York Times" навишт, ки президент Байден бояд аз идомаи рақобат даст кашад.

Намояндагони ситоди Байден иқрор карданд, ки вохӯрии пешазинтихоботии номзади онҳо тавре мебоист баргузор нашуд, вале гуфтанд, ӯ дар ҳоли ҳозир нияти холӣ кардани ҷойро ба номзади дигар надорад.

XS
SM
MD
LG