Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз Путин хостаанд, "Толибон"-ро аз рӯйхати террористон берун кунад


Замир Кобулов, намояндаи Русия дар умури Афғонистон (чап) бо Мавлавӣ Шаҳобуддини Диловар, узви ҳайати "Толибон". Маскав, моҳи октябри соли 2021
Замир Кобулов, намояндаи Русия дар умури Афғонистон (чап) бо Мавлавӣ Шаҳобуддини Диловар, узви ҳайати "Толибон". Маскав, моҳи октябри соли 2021

Вазорати корҳои хориҷӣ ва Вазорати адлияи Русия ба президент Владимир Путин пешниҳод кардаанд, ки номи ҷунбиши исломии “Толибон” аз феҳристи созмонҳои мамнуъ дар ин кишвар бардошта шавад.

Дар ин бора хабаргузории "ТАСС" рӯзи 27-уми май аз қавли намояндаи президенти Русия дар мавриди Афғонистон Замир Кабулов хабар дод.

"Толибон" дар соли 2021 қудратро дар Афғонистон ба даст гирифта, бо Русия робитаҳои бисёр фаъол дорад. Ҳайати ин ҷунбиши исломӣ ҳар чанд вақт ба Русия сафар мекунанд. Аз ҷумла, қарор аст, намояндагони "Толибон" аз 5 то 8-уми июни имсол дар як нишасти байнулмилалӣ дар Санкт-Петербург ширкат кунанд.

Дар айни замон "Толибон" ба мисли бисёре аз кишварҳои дигар дар Русия мамнуъ ва террористӣ дониста мешавад. Дар гузашта борҳо фаъолону намоядагони матбуотро барои он ки ин хусусияти мамнӯи "Толибон"-ро дар навиштаҳояшон таъкид накардаанд, ба ҷавобгарӣ кашидаанд.

Масалан, дар аввали моҳи майи имсол Кумитаи тафтишот дар Русия хабарнигоор Надежда Кеворковаро ба дуруст шуморидани терроризм дар намунаи кори “Толибон” гунаҳкор кард. Дар беморхонаи зиндони шаҳри Омск моҳи май як маҳбусро барои суҳбат дар бораи "Толибон" сеюним соли зиндони иловагӣ доданд. Ин маҳбус шаҳрванди Тоҷикистон Осимҷон Анварзода аст, ки қарор буд баъд аз 9 сол зиндон моҳи ноябри имсол озод шавад.

Президенти Русия Владимир Путин моҳи октябри соли 2021 гуфт, Русия барои аз феҳристи созмонҳои террористӣ берун кардани “Толибон” наздик мешавад, вале пеш аз ин бояд Созмони Милал чунин қарор қабул кунад.

Дар Тоҷикистон “Толибон” дар феҳристи созмонҳои мамнуъ ва террористӣ мемонад.

“Толибон”-ро барои поймоли ҳуқуқи сокинони Афғонистон, ба вижа занону духтарон танқид мекунанд. Мақомоти Тоҷикистон ва кишварҳои дигар то ҳанӯз ҳукумати онҳоро ба расмият нашинохтаанд, аммо дар масъалаҳои иқтисодӣ ҳамкорӣ доранд. Аз ҷумла, Тоҷикистон ба Афғонистони зери итоати “Толибон” барқ содир мекунад.

XS
SM
MD
LG