Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

17 сокини Сангворро аз зери тарма берун оварданд


Дар пайи тармафароӣ дар як деҳаи ноҳияи Сангвор (Тавилдараи пешин), як ноболиғ ҷони худро аз даст дод. Наҷотдиҳандагон тавонистанд баъди талошҳои зиёд 17 нафари дигарро зинда аз зери барфу тарма берун оваранд. Ҳодисаи тармафароӣ дар ноҳияи Сангвор шаби 18 ба 19 феврал рух додааст. Мақомоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба раҳбарии Рустам Назарзода, раиси ин ниҳод субҳи 22 феврал бо чархбол ба маҳалли офатзада рафта аз вазъ дар он ҷо аз наздик шинос шуданд.

Умеда Юсупова, сухангӯи КҲФ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ин гурӯҳи корӣ муайян кардааст, ки дар натиҷаи тармафароӣ дар деҳаи Калпи ҷамоати Ваҳдати ноҳияи Сангвор, воқеъ дар 100-километрии маркази ноҳия манзили хонаводаи Шайхмуродовҳо осеб дида, як ноболиғ - Хайриддини Иброҳими 11-солаи узви ин хонавода фавтидааст.

Дар пайи тармафароӣ дар як деҳаи Сангвор, як ноболиғ ҷони худро аз даст дод ва наҷотдиҳандагон тавонистанд баъди талошҳои зиёд 17 нафари дигарро зинда аз зери барфу тарма берун оваранд.

Хонум Юсупова афзуд: "Имрӯз ҷавони ноболиғи фавтида дафн карда шуд. Ба ҳайати гурӯҳи корӣ пизишкон ва намояндаҳои корҳои дохилӣ низ шомил буданд. Ба хонаводаи осебдида кӯмакҳои ғизоӣ расонида шуд. Ҳамчунин ба ин оила либос ва кӯрпаҳо тақдим шуданд."

Бо ҳисоби фавтидани Хайриддини Иброҳим теъдоди расмии қурбониҳои тармафароиҳои соли ҷорӣ дар Тоҷикистон ба 17 нафар расид. Қаблан манобеи расмӣ аз ҳалокати 16 нафар дар тармафароиҳои ахир дар вилояти Бадахшон, шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ ва минтақаи Рашт хабар дода буданд.

Зимнан ин минтақаи ноҳияи Сангвор аз дурдасттарин ва мушкилтарин маҳалли зист барои сокинон дониста мешавад. Масофа аз маркази ноҳияи Сангвор то рустои Калп то 100 километрро ташкил медиҳад. Сокинони ин ҷамоат дар остонаи ҳар зимистон мегӯянд, ки бо бориши зиёди барф, иртиботи онҳо бо минтақаҳои дигари кишвар комилан қатъ шуда, баландии барф ҳатто имкон намедиҳад савори асп ба маркази ноҳия бирасанд.

Умеда Юсупова, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон дар посух ба ин савол, ки бо дарназардошти гарм шудани ҳаво дар ду рӯзи охир хатари офатҳои табииро онҳо чӣ гуна арзёбӣ мекунанд, гуфт: "Воқеан ҳушдори КҲФ дар бораи хатари тармафароӣ дар минтақаҳои кӯҳистонии Тоҷикистон ҳамчунон боқӣ мондааст. Гузашта аз ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳушдор медиҳад, ки бо дарназардошти гармшавии ҳаво ва эҳтимоли об шудани ғарамҳои бузурги барф дар кӯҳистони кишвар, хатари тармафароӣ то 7 рӯзи дигар дучанд мешавад. Ба ин далел, аз сокинони кишвар хоҳиш карда мешавад, ки аз сафар бо роҳҳои кӯҳӣ комилан худдорӣ карда, ҳатто ба ҳезумчинӣ ба кӯҳҳо нараванд."

Зимистони имсол Тоҷикистонро бо барфбориҳои шадид ва тармафароиҳои зиёде рӯбарӯ кард, ки ба гуфтаи коршиносони соҳаи обуҳавосанҷӣ, мислашро дар 30 соли охир надида буданд. Бо дарназардошти ин нукта, ду ҳафта қабл Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ барои рафъи оқибатҳои ин офатҳои табиӣ дархости кӯмак карда буд. Матбуот танҳо аз изҳори омодагии ҳукумати ИМА дар ин замина хабар додааст.

Дар ҳамин ҳол Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар медиҳад, ки аз дирӯз ҳаракати воситаҳои нақлия дар шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ азсар гирифта шуда, бартарафсозии пайёмадҳои тармафароӣ ва сангерзӣ дар масири Хоруғ-Мурғоб ҳамчунон идома дорад. Ба ҳамин тартиб, ҳаракат дар роҳи Душанбе-Хуҷанд ва Душанбе-Рашт муваққатан қатъ шудааст. Баста шудани роҳҳои иртиботӣ бо пойтахти Тоҷикистон ба болоравии нархи бархе аз анвои маҳсулот дар бозорҳои Душанбе ва минтақаҳои дигар сабаб шудааст.

XS
SM
MD
LG