Аббос Ароқчӣ рӯзи 25-уми август гуфт, Теҳрон ба кушта шудани Исмоил Ҳания, раҳбари сиёсии гурӯҳи "Ҳамос" (Иттиҳоди Аврупо ва Амрико созмони террористӣ медонанд) посухи "дақиқ ва ҳисобшуда" хоҳад дод.
Ҳания рӯзи 31-уми июл, пас аз маросими савгандёдкунии президенти нави Эрон дар Теҳрон кушта шуд.
Эрон ва ҳампаймонҳояш Исроилро дар куштори ӯ муттаҳам медонанд. Исроил масъулияти ин кушторро на ба дӯш гирифта ва на рад кардааст.
Дар рӯзҳои охир Аббос Ароқчӣ борҳо ба вокуниши Теҳрон ба Исроил таъкид карда, барои мисол, рӯзи 25-уми август гуфтааст, ин посух "дар вақти лозим ва ба тарзи лозим" дода мешавад.
Амрико ва баъзе аз кишварҳои аврупоӣ аз Эрон хостаанд, вазъро аз ин бадтар накунад ва ба афрӯхта шудани алангаи ҷанг роҳ надиҳад.