Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷавони 18-сола як кишварро зидди фасод сафарбар кард. ВИДЕО


Ҳазорон сокини Словакия ба муқобили коррупсия ба хиёбонҳои Братислава баромаданд. Тазоҳуроти зиддифасод дар ин кишвари Аврупои Шарқӣ моҳи апрели имсол ташкил шуда ва ҳанӯз идома дорад. "Мизони фасод дар Словакия таҳаммулнопазир аст. Онҳо ба мо механданд, ба суолҳоямон посух намедиҳанд ва фикр мекунанд, ки метавонанд ҳар чизеро дилашон хост, бидузданд. Ман аз ин безор шудам", - гуфт яке аз тазоҳургарон.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Қиссаи ҷавони 18-сола, ки як кишварро ба мубориза бо фасод сафарбар кардааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:11 0:00

Ин тазоҳуротро Девид Стракаи 18-сола ташкил кард. Ӯ ҳанӯз мактабхон аст, ҳарчанд аз рӯйи барномаи махсуси кӯдакони лаёқатманд таҳсил мекунад. Девид Страка гуфт, «мо дар ин ҷо ҷамъ омадем, то бигӯем, ки мо ҳам садо дорем ва ин садо хомӯш намешавад. Ин садо ба муқобили коррупсия дар кишвари мост. Садое, ки арзишманд аст.»

Ғайриинтизор, мо ба як нерӯи пуриқтидоре тадбил ёфтем ва масъулияти худро эҳсос намудем. Акнун вақти худро дар мактаб камтар мегузаронем, ки ин барои муаллимон чандон хушоянд нест.

Субҳи Девид дар хобгоҳи донишҷӯён бо як лаълии «хлопев» ва чой ва дар иҳотаи варақҳо оғоз мешавад. Тарҳи тазоҳуроти аввалинро ӯ бо ҳамроҳии дӯсти мактабияш Каролина Фарска кашида буд. Каролина ҳамин гуна раҳпаймоиро дар қисмати шарқии Словакия ташкил кард.

Онҳо тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ дӯстонашонро барои иштирок дар тазоҳурот даъват карданд, аммо теъдоди иштирокдорон якбора афзуда дар бораи он дар сартосари кишвар хабар ёфтанд. "Мо ду нафар хостем, ки тазоҳуротро ташкил карда, аз ин роҳ саҳми худро дар муқобили коррупсия дар Словакия гузорем. Хостем бигӯем, ки мо донишҷӯён зидди коррупсия ҳастем. Аммо ғайриинтизор, ба як нерӯи пуриқтидоре тадбил ёфтем ва масъулияти худро эҳсос намудем. Мо акнун вақти худро дар мактаб камтар мегузаронем, ки ин барои муаллимон чандон хушоянд нест", - гуфт Девид.

Ҳукумати Словакия дар посух гуфт, ки бо коррупсия муборизаи ҷиддӣ мебарад. Аммо бо ин вуҷуд сарвазири кишвар Роберт Фисо таъкид мекунад, ки мухолифон ин мавзӯъро барои муборизаҳои сиёсӣ истифода мебаранд. Ӯ дар ин бора ҳафтаи гузашта ҳангоми таъини раҳбари нави ниҳоди зиддикоррупсионӣ ҳарф зад.

"Ин масъала қабои сиёсӣ мегирад. Мушкил дар он нест, ки нафаре мехоҳад бо коррупсия мубориза барад ва роҳи ҳалро пайдо кунад. Ҳар рӯз, иттиҳоми нав ва бидуни далел садо медиҳад", - гуфт Роберт Фисо.

Тибқи ҳисоби рӯзноманигорони Словакия, дар сартосари кишвар ҳудуди 10 ҳазор нафар ба тазоҳурот ҳамроҳ шуданд. Эҳтимол ин ҳанӯз барои эҳсоси хатари ҳукумат кофӣ нест. Вале барои кишваре, ки 5 миллион аҳолӣ дорад, ташкили тазоҳурот дар чунин сатҳ кори содда нест.

XS
SM
MD
LG