Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико ба Ховари Миёна нерӯҳои изофӣ мефиристад


Генерал Пэт Райдер, сухангӯйи Пентагон
Генерал Пэт Райдер, сухангӯйи Пентагон

Пентагон, Вазорати дифои Амрико, рӯзи 23-юми сентябр гуфт, ки Иёлоти Муттаҳида ба Ховари Миёна нерӯҳои изофӣ мефиристад.

Сабаби ин тасмим муноқишаи байни Исроилу гурӯҳи “Ҳизбуллоҳ”-и Лубнон ва эҳтимоли сар задани ҷанг дар минтақа гуфта шудааст.

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гурӯҳи “Ҳизбуллоҳ”-и Лубнонро созмони террористӣ медонад.

Генерал Пэт Райдер, сухангӯйи Пентагон, дар бораи теъдоди нерӯҳо ва масъулияти онҳо маълумот надод.

Ҳоло дар минтақа ҳудуди 40 ҳазор сарбози Амрико ҷойгир ҳастанд.

Пеш аз ин вазири дифои Амрико Ллойд Остин ва вазири дифои Исроил Йоав Галлант рӯзи 22-юми сентябр телефонӣ гап зада буданд.

XS
SM
MD
LG