Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Алишер Усмонов як бонки Олмонро ба додгоҳ кашид


Алишер Усмонов (рост) бо президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Алишер Усмонов (рост) бо президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев

Миллиардери узбектабори Русия Алишер Усмонов ба зидди Бонки “UBS Europe SE” (UBS Deutschland AG) барои “силсила огаҳиҳои беасос”-аш дар бораи амалиёти шубҳаовари соҳибкор ба додгоҳи Франкфурти Олмон шикоят кардааст.

Дар ин бора "Коммерсант" бо истинод ба вакили дифои миллиардер Штефани Рабенау хабар дод.

Ба гуфтаи вакили мудофеъ, бонк дар солҳои 2018-2022 мақомоти Олмонро чанд бор огоҳ кардааст, ки гуё соҳибкори узбектабор амалиёти шубҳаангези молӣ анҷом медиҳад ва ин кор боис ба оғози “тафтишоти дорои ангезаи сиёсӣ” зидди Алишер Усмонов шудааст.

“Дар ҳоли ҳозир бонк ҳеч гуна далелеро пешниҳод накардааст, ки шубҳаҳоро тасдиқ кунад”, - изҳор доштааст вакили дифои Усмонов.

Чанде пеш додгоҳе дар Ҳамбурги Олмон паҳн кардани хабарҳоро дар бораи онро ки гуё Алишер Усмонов дар Бовария “вилла” ё хонаи боҳашамате дорад, барои нашрияи “Tegernseer Stimme” манъ кард.

Додгоҳи Франкфурт ҳам қарор карда буд, ки ҳамаи амволи сарватманди русиягӣ Алишер Усмонов, ки дар доираи парвандаи "пулшӯӣ" мусодира шуда буданд, баргардонида шавад. Хабаргузории русии "Интерфакс" иттилоъ дода, ки санадҳои мусодирашудаи Усмонов ҳам ҳамроҳи амволаш баргардонида мешавад.

XS
SM
MD
LG