Пайвандҳои дастрасӣ

Илҳом Алиев ҳамсарашро ноиби президент таъин кард. ВИДЕО


Озарбойҷон - Раиси ҷумҳур Илҳом Алиев бо ҳамсараш Меҳрубон Алиева. Боку, 10 феврали соли 2017

Илҳом Алиев, раиси ҷумҳури Озарбойҷон, ҳамсараш Меҳрубон Алиеваро дар мақоми тозатаъсис – ноиби аввали президент – таъин кард, ки дар сурати нотавонии Алиев ва ё марги ӯ, ин мақомро ҳамсараш Меҳрубон Алиева ишғол мекунад. Фармони Алиев дар робита ба таъини ҳамсараш дар вебсайти расмии президенти Озарбойҷон нашр шуд.

Озарбойҷон дар солҳои 2002 ва 2009 низ раъйпурсии умумӣ баргузор кард, ки танқидҳои шадидро ба дунбол доштанд.

Мақоми ноиби аввали раиси ҷумҳур ва ду мақоми поёнтари ноибӣ бар пояи реферундуми моҳи сентябри соли 2016 эҷод шуданд. Қонуни асосӣ акнун мегӯяд, дар сурати нотавон ё ноӯҳдабаро шудани президент, қудрат ба дасти ноиби аввал мегузарад. Қабл аз реферундум, Қонуни асосӣ идораи давлатро дар чунин ҳолатҳо бар дӯши нахуствазир мегузошт. Меҳрубон Алиеваи 52-сола ноиби раҳбари ҳизби ҳокими "Озайрбойҷони Нав" аст. Вай ҳамзамон раёсати Бунёди падаршӯяш Ҳайдар Алиевро бар дӯш дорад, ки аз соли 1993 то соли 2003 Озарбойҷонро бо мушти оҳанин идора кард. Меҳрубон Алиева, инчунин, сафири ҳусни нияти ЮНЕСКО ва Созмони Исломӣ дар умури маориф, илм ва фарҳанг аст.

Меҳрубон Алиева, муовини аввали раиси ҷумҳури Озарбойҷон
Меҳрубон Алиева, муовини аввали раиси ҷумҳури Озарбойҷон

Назархоҳии умумии моҳи сентябрро рақибони Илҳом Алиев талоши ӯ барои тамаркузи қудрат дар панҷаи оҳанин, ба чолиш кашиданд. Алиев аз замони марги падараш Ҳайдар Алиев дар соли 2003 зимоми қудратро дар ин кишвари ғанӣ аз нафт дар даст дорад.

Реферундуми моҳи сентябр, инчунин, мӯҳлати президентиро аз 5 то ба 7 сол тамдид кард ва синну соли номзад ба мақоми раёсати ҷумҳурро тағйир дод ва бо ин овозаҳоро ба миён овард, ки президент роҳро барои раёсати писари 19-солааш Ҳайдар ҳамвор мекунад.

Озарбойҷон дар солҳои 2002 ва 2009 низ раъйпурсии умумӣ баргузор кард, ки танқидҳои шадидро ба дунбол доштанд. Ба гуфтаи мухолифонаш ва ҳомиёни ҳуқуқи башар, ин дигаргуниҳо танҳо ба фоидаи хонаводаи Алиев буд. Баъд аз реферундуми аввал, иштироки 50 дар сади райъдиҳандаҳо дар назарпурсиҳои баъдӣ қонунӣ эълон шуд. Он вақт бар пояи тағйирот на раиси порлумон, балки нахуствазир ҷойгузини президент мешуд.

Гузориши видеоӣ инҷост:

Реферундуми соли 2009 маҳдудияти дусолаи раёсатро аз байн бурд ва ба президент "ҳаққи масунияти шахсӣ" дод. Ин дигаргунӣ ҳамчун талоши Алиев барои ҷилавгирӣ аз таҳқиқоти журналистӣ, дар заминаи фасодкории мақомот ва пӯшиши таҳаввулоти муҳим, арзёбӣ шуд.

Хадиҷа Исмоилова, хабарнигори Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, рӯзи 21 феврал гуфт, ки қабл аз таъини Меҳрубон Алиева ба мақоми ноиби раиси ҷумҳур мавҷи боздоштҳо дар Озарбойҷон ҷараён гирифт. Ӯ дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук навишт, ба хотири ҷилавгирӣ аз тазоҳуроти зидди таъинот, якчанд фаъоли мухолифин ба муддати 1 моҳ боздошт шуданд.

Хадиҷа Исмоилова
Хадиҷа Исмоилова

Хадиҷа Исмоилова солҳои 2015-2016 ҳабдаҳ моҳро бо иттиҳоми ҷинояти молӣ дар зиндон сипарӣ кард, ки ба гуфтаи ӯ ва тарафдоронаш қасоси ҳукумат барои гузоришҳои густардаи Исмоилова дар робита ба гӯё фасодкории Алиев ва наздиконаш буд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG