Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Изҳороти духтари раисиҷумҳур барои ҷудо шудан аз шавҳараш


Лайло Алиева
Лайло Алиева

​Лайло Алиева, духтари бузурги раисиҷумҳури Озарбойҷон, дар шабакаи Инстаграм хабар дод, ки аз ҳамсараш -- Эмин Агаларов расман ҷудо мешавад ва аммо онҳо ҳамчун дӯст боқӣ хоҳанд монд.

Духтари бузурги раисиҷумҳури Озарбойҷон Лайло Алиева дар саҳифаи худ дар шабакаи Инстаграм хабар дод, ки расман аз ҳамсараш Эмин Агаларов -- мусиқинавоз ва ноиби президенти ширкати Crocus Group ҷудо мешавад. Ба қавли Алиева, ӯ ва Агаларов солҳо боз расман зану шавҳаранд, аммо дар асл аз якдигар ҷудо зиндагӣ мекунанд.

"Барои бисёре аз озарбойҷониҳо пӯшида набуд, ки издивоҷи мо бо Эмин солҳои охир танҳо рӯйи коғаз аст. Мо хеле вақт боз аз якдигар ҷудо ва дар шаҳрҳои гуногун зиндагӣ мекунем," -навиштааст духтари бузурги раисиҷумҳури Озарбойҷон. Ӯ афзудааст, "вақти он расида, ки расман аз ҳам ҷудо бишавем".

Вале гуфтааст Лайло Алиева, ӯ бо Эмин Агаларов дар зиндагӣ ҳамчун дӯст боқӣ хоҳанд монд. "Мо дӯст боқӣ мемонем ва якҷоя ба тарбияи фарзандон идома хоҳем дод,"-- навиштааст дар навбати худ Эмин Агаларов.

Изҳороти Лайло Алиева дар ҳолест, ки Эмин Агаларов қаблан дар сӯҳбати худ дар барномаи Wright Stuff-и шабакаи Channel 5-и Бритониё ҷудо шуданаш аз духтари раисиҷумҳури Озарбойҷонро аз имкон берун надониста буд. Лайло ҳоло муовини раҳбари Бунёди Ҳайдар Алиев, як созмони хайриявист, ки мудирияти онро модараш -- Меҳрубон Алиева бар ӯҳда дорад. Илова бар ин, ӯ яке аз чеҳраҳои калидии бахши ҳавопаймоӣ ва телекоммуникатсияи Озарбойҷон дониста мешавад.

Се соли пеш дар пайи чопи як шеъри ин духтари раисиҷумҳури Озарбойҷон дар китоби синфи панҷум, истеъдоди шоирияш низ рӯи об баромад, вале бо вокунишҳои тунд рӯбарӯ шуд. Шеъри ӯ "Элегия" ном дошт ва дар китоби адабиёти синфи панҷум дар қатори ашъори адиби маъруф -- Ҷаъфар Ҷабборли қарор гирифт.

Ин шеъри Лайло Алиева ба бобояш, ки солҳои тӯлонӣ раёсати ҷумҳури Озарбойҷонро бар дӯш дошт, яъне Ҳайдар Алиев бахшида шудааст. Дар ин шеър Лайло андӯҳу ғами худро аз даргузашти бобояш баён мекунад. Фаиқ Шаҳбозли, раҳбари департаменти китобҳои мактабӣ дар Вазорати маорифи Озарбойҷон, он вақт чопи шеъри Лайло Алиева дар китоби синфи панҷумро як кори оддӣ дониста буд. Ӯ гуфта буд, "ин шеъри Алиева дар китоби асосии дарсӣ ворид нашудааст. Ин ктиоб барои хониши иловагист. Гузашта аз ин, худи шеър ҳам аҷоиб аст."

Аммо бархе аз мунтақидон ворид кардани шеъри духтари президенти Озарбойҷон ба китоби дарсиро ба мақоми ӯ ва хонаводааш рабт доданд. Акрам Айлисли гуфта буд, "мумкин духтари президент надонад, ки шеъри ӯро ба китоб ворид кардаанд. Тамаллуқ дар кишвар чунон доман паҳн кардааст, ки касе ин шеърро гирифта ба китоб ворид намудааст."

XS
SM
MD
LG