Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Бизнес"-и сердаромади духтарони президент


Орзу (аз чап) ва Лайло -- духтарони президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев
Орзу (аз чап) ва Лайло -- духтарони президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев

“Азерфон”, ширкати маъруфи мухобиротии Озарбойҷон, ба духтарони президент Илҳом Алиев мансуб будааст.

Бо он ки ин ширкат бо бренди "Нур" тоза ба бозори мухобирот (2007) ворид шудааст, 1,7 миллион муштарӣ дорад ва 80 дар сади қаламрави кишварро пӯшиш медиҳад.

Моҳи апрел “Caspian-European Integration Business Club”, ки президент Илҳом Алиев раиси ифтихориаш интихоб шудааст, ширкати "Азерфон"-ро “Беҳтарин омили мухобиротии сол” эълон кард. Ҷоизаро ба раҳбари ширкат Кюнет Турктан, вазири мухобирот ва фанновариҳои Озарбойҷон Алӣ Аббосов тақдим кард.

Аммо аз рӯзи таъсиси ин ширкат сояи мармузе рӯи он доман паҳн кардааст, ки оё соҳибони аслии ин ширкати муваффақ кӣ бошад? Радиои Озодӣ баъди пажӯҳиши амиқ маълум кард, ки саҳҳомони аслии ширкат духтарони раисиҷумҳур Лайло ва Орзу Алиеваҳо будаанд.

Дар гузашта хонаводаи Илҳом Алиев бо бизнесҳои мушкук сару кор гирифт. Аз ҷумла, ин хонавода ширкати SW Holding-ро таҳти назорат дошт, ки бахшҳои пурсуди ширкати давлатии Azar airline-ро хусусӣ карда буд. Нашрияи бонуфузи “Вашингтон Пост” дар моҳи марти соли 2010 навишт, ки се фарзанди Илҳом Алиев соҳиби моликияти баробар ба 75 миллион доллар дар Дубай будаанд. http://www.washingtonpost.com/wpdyn/content/article/2010/03/04/AR2010030405390.html]. Ҳамчунин гуфта мешавад, ки бонуи аввали Озарбойҷон Меҳрубон Алиева ва ду духтари ӯ якчанд бонки бузурги кишварро таҳти назорат доранд.

Авохири соли 2006 Вазорати Мухобироти Озарбойҷон зимни эълони таъсиси "Азерфон", ширкати олмонии Siemens AG -ро соҳиби он муаррифӣ кард. Аммо сухангӯи ин ширкат Моника Бруклмиер- Лангендорф ба радиои Озодӣ гуфт, ки ширкати онҳо ҳеҷ гоҳ саҳҳоми "Азерфон" ё ҳеҷ ширкати дигар дар ин кишвар набуду нест. Дар пайи ин Nokia Siemens Network-и Финландӣ низ гуфт, ки ҳеҷ рабте бо "Азерфон" надорад.

Озодӣ аз вазирати мухобирот пурсид, ки воқеъият кадом аст? Сухангӯи вазорат Nokia Siemens Network-ро боз ҳам соҳби "Азерфон" гуфт. Худи "Азерфон" исми саҳҳомонашро ошкор намекунад ва ҳамчунин намегӯяд, ки ин ширкат чӣ қадар фоида ба даст меорад ва чӣ кадар молиёт пардохт мекунад.

Аммо санаде, ки Радиои Озодӣ аз вазорати молиёт дарёфт кард мегӯяд, ки соҳиби воқеъии Азерфон се ширкатест, ки дар ҷазираҳои Кариб сабти ном шуда ва ҳар яке 24 дар сад саҳмия дорад. Як ҳиссае хурде баробар ба 10% моли Азтелеком будааст.

Возиф Мавсумов, раҳбари Бунёди зидди фасоди Озарбойҷон

Бо ин ҳол Возиф Мавсумов раҳбари Бунёди Зидди Фасоди Озарбойҷон мегӯяд, ки набуди шаффофият суолҳоеро халқ кардааст.

“Вақте, ки ду ожонсии давлатӣ дар бораи моликони як ширкат ду маълумоти мухталиф медиҳанд, ин худаш ба ношаффоф будани масъала далолат мекунад. Ба эҳтимоли қавӣ инҷо пойи фасод ва таҷирбаҳои фасодкорӣ дар миӣн аст.”
.
Маъракасозони зиди фасод дар ҷаҳон ҳамеша мегӯянд, ширкатҳои офшорӣ бо ҳадафи пинҳон доштани моликони аслии ширкатҳо ва ба фасоду пулшӯи истифода мешаванд.

Асноди сабти ном дар Панама маълумоти ибитдои дар робита ба ин се ширкатро таъмин мекунад. Бар пояи ин санад Лайло Алиева духтари бузурги Илҳом Алиев, президенти Gladwin Management Ink. буда, хоҳари 22 солаи ӯ Орзӯ Алиева, ҳамчун хазинадор сабти ном шудааст.

Ҳар се ширкат фаъолияти худро бо 10 ҳазор доллар шурӯъ кардаанд. Оливиер Местелан, як соҳибкори шведӣ, ки бо хонаводаи Алиев робитаи наздик дорад ҳамчун хазинадор сабт шудааст. Маҷаллаи “Боку” http://www.elenagolovanova.com/assets/files/mestelan.pdf - ки онро Лайло Алиева дар Маскав нашр мекунад, Оливер Местеланро ба унвони ҷамъоварандаи ҳунари наққошӣ ва ҳомӣ мураррифӣ кардааст. Ин соҳибкори шведӣ соҳиби намоишгоҳи нақошиҳо дар Боку буда, дар ин кишвар хона дорад ва соле чанд бор аз он боздид мекунад.

Маъмурияти раёсати ҷуҳмур низ аз додани маълумот дар бораи фаъолиятҳои тиҷоратии хонаводаи президентро сарпечӣ карданд. Бар асоси қонуни Озарбойҷон, аз соли 2005, мақомоти давлатӣ, бо шумули раисҷумҳур бояд дар бораи дороии худ ва хонаводаи худ маълумот пахш кунанд. Аммо Илҳом Алиев ҳеҷ гоҳ даромади солонаи худро ба ҷомеъа ошкор накардааст ва камиссиюни интихобот низ ҳозир нашуд нусхаҳои эъломияи дороии президентро ба мо нишон диҳад.
XS
SM
MD
LG