Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қабои нави Боғи Айнӣ. ВИДЕО


Боғи Садриддин Айнӣ, ки дар ин чанд моҳи охир дар маркази баҳсҳо қарор дошт, бо қабои нав кушоиш ёфт. Фаввораҳои рангин, роҳравҳои наву сабзпӯш дар атрофи оромгоҳи пуршукӯҳи Садриддин Айнӣ ва шаҳри бозӣ барои кӯдакон, аз ҷузъҳои тозаи Боғи Айнӣ мебошад.

Муҷассамаи бузурги поягузори адабиёти муосири тоҷик ҳам акнун дар даромадгоҳи боғ аз боздидкунандагон истиқбол мекунад. Маросими пардабардорӣ аз ин пайкара ва кушоиши дубораи боғ бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва аҳли фарҳангу адаб рӯзи 6-ум ноябр дар Душанбе баргузор шуд.

Боғи Айнӣ дар шаҳри Душанбе соли 1954 бунёд шуда, дар он ҷо нахуст ҷасади Садриддин Айнӣ дафн шудааст. Дар солҳои 1980 дар қаламрави ин боғ, ки масоҳаташ ҳудуди 6 гектар мебошад, бозсозие анҷом шуда буд.

Мардуми зиёде, ки барои тамошои боғи нав омада буданд, нахуст дар беруни боғ аз тариқи табло суханронии раиси ҷумҳурро тамошо мекарданд. Пас аз соатҳо интизорӣ дар ба рӯи онҳо ҳам боз шуд, то рӯзи таътили худро дар ин боғи мусаффо бигзаронанд. Мардум дар дохили мақбараи рӯйи қабри Айнӣ ва назди муҷассамаи ӯ аксу наворҳо мегирифтанд.

Ҳоло дар ин боғ Садриддин Айнӣ танҳо хобидааст, аммо ҳамин чанде пеш дар канори поягузори адабиёти тоҷик, панҷ чеҳраи матраҳи таърихи Тоҷикистонҳам орамида буданд. Тасмими мақомот бар ин шуд, ки дар Боғи Айнӣ танҳо оромгоҳи Садриддин Айнӣ бимонад.

Аз ҷумла турбати Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Камол Айнӣ, ҳамсараш Муқадима Ашрафӣ ва Боқӣ Раҳимзода, ки дар гузашта хонаи охираташон Боғи Айнӣ буд, моҳи гузашта ба Лучоб интиқол ёфтанд. Ба бовари мақомот,вуҷуди қабрҳо дар боғе, ки аслан макони сайругашт аст, беэҳтиромӣ нисбат ба бузургони миллӣ хоҳад шуд. Вале ин иқдом ба эътирозу норозигии бархе аз пайвандони чеҳраҳои барҷаста рӯ ба рӯ шуд.

Ирина Тихонова, набераи Ҷаббор Расулов, яке аз муътаризони ин иқдом, қаблан дар сафҳаи Фейсбуки худ аз ин амалкард норозигӣ карда, қавл дод, ки аз болои мақомоти шаҳри Душанбе ба додгоҳ шикоят хоҳад кард. Ӯ аз он норозӣ буд, ки бидуни огаҳсозии хонаводаҳои онҳо тасмим бар интиқоли қабрҳо гирифтаанд ва онҳоро шабона ба Лучоб бурдаанд. Ин ҳам дар ҳоле, ки тибқи машварати пешакӣ бо хонаводаҳои шахсиятҳои барҷаста, қарор буд, бо иҷрои суннатҳои азодорӣ ин ҷасадҳо ба ҷойи дигар кучонида шавад.

Наздикони Боқӣ Раҳимзода гуфтанд, ки мақомот ба онҳо ваъда супурданд, ки кӯчонидани қабро мувофиқ ба муқаррароти диниву ахлоқӣ сурат гирифтааст. Аммо мақомот гуфтанд, ки пеш аз ин иқдом дар як нишасти машваратӣ мувофиқати наздикони бузургон барои интиқоли турбати онҳо ба Лучобро гирифтаанд.

Бархе аз наздикони шахсиятҳое, ки аз интиқоли турбати гузашатагонашон аз ин боғ ба мақони дигар нороҳат буданд, дар рӯзи кушоиши ботантанаи боғи Айнӣ ширкат доштанд.

Эраҷ Айнӣ, набераи Садриддин Айнӣ, ки рӯзи 6 октябр дар маросими кушоиши боғи навшуда иштирок дошт, ҳоло мегӯяд, беҳтар аст ин мавзӯъ дигар фаромӯш шавад. Ӯ гуфт, ки аз симои нави боғ хушаш омадааст. Эраҷ Айнӣ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, баъди ошноӣ бо гулгаштҳои боғи нави ба номи бобояш пешниҳоде дорад: “Азбакси боғи Айнӣ аст, ман пешниҳод кардам, ки қаҳрамонҳои асарҳои Айнӣ, мисли Қорӣ-Ишкамба ё Муаллим аз асари “Мактаби кӯҳна” дар ҳар гӯшаи боғ гузошта шаванд. Соли оянда 140-солагии Домулло Айнӣ аст ва мешаванд ин корро кард”.

Боғи Айнӣ дар шаҳри Душанбе охири солҳои 1950-и асри гузашта бунёд шуд ва нахустин пайкаре, ки дар ин боғ ба хок супурда шуд, аз Садриддин Айнӣ поягузори адабиёти муъосири тоҷик буд. Ин боғ тибқи тарҳи А. Мануилов сохта шудааст. Дар солҳои 1980 дар қаламрави ин боғ, ки масоҳаташ ҳудуди 6 гектар мебошад, бозсозие анҷом шуда буд, вале ахиран мақомоти шаҳрдорӣ тасмим гирифтанд, ки ин боғ бояд намуди тозае ба худ бигирад.

Ҳоло наздикони бузургоне, ки то чанд муддати пеш дар канори Айнӣ дар боғи Садриддин Айнӣ хуфта буданд, дар робита ба интиқоли турбати онҳо мегӯянд, “Хоҳем нахоҳем ин кор шуд” ва оберо, ки рехтааст намешавад дубора ҷамъ кард.

Қабои нави Боғи Айнӣ
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:51 0:00

XS
SM
MD
LG