Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ободкорӣ дар Душанбе ба хотири... писари президент? ВИДЕО


Калонтар, зеботар, баландтар -- бо таъйин шудани Рустами Эмомалӣ ба симмати раиси шаҳри Душанбе, идораву ниҳодҳои давлатӣ, ширкатҳо ва ҳатто соҳибкорон барои бунёд иншоот дар пойтахт ба ҳам сабқат мекунанд. Дар ним соли охир дар шаҳри Душанбе яке пайи дигар майдонҳои варзишӣ, бозии кӯдакон ва роҳҳои пиёдараву автомобилгарди нав ва мумфаршуда ба истифода дода мешаванд.

Мақомот ҳама навгонӣ ва ба ибораи онҳо, ободиҳоро ба раиси шаҳр таъйин шудани Рустами Эмомалӣ марбут медонанд. Онҳо мегӯянд, дар ним сол дар маҳаллаву ноҳияҳои пойтахт он миқдор майдонҳои варзишӣ

Ин як шакли шарқии ободонии шаҳр аст, ки аз роҳи маҷбур кардани сохтору идораҳое ба даст меояд, ки ба сохтмон чандон робитае надоранд

бунёд шуд, ки дар 10 охир нашуда буд. Шералӣ Раҳмонов, мудири шӯъбаи ободонӣ ва кабудизоркунии дастгоҳи иҷроияи раиси шаҳри Душанбе, рӯзи 9-уми август дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бо як амри раиси ҷумҳур 48 вазорату идора муваззаф гаштанд, дар шаҳри Душанбе майдончаҳои варзишӣ бунёд карда, боғу гулгаштҳоро бозсозӣ кунанд. Ӯ гуфт, “мо кабудизоркунӣ ва ободонии 51 мавзеъ - боғу гулгаштҳоро дар Душанбе ба нақша гирифтем. Инчунин, сохтмони 70 майдончаи варзишӣ пешбинӣ шудааст. То ин замон 48 майдончаи варзишӣ сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд”. Раҳмонов афзуд, қарор аст, сохтмон ва ободонии боғу гулгаштҳо то ҷашни имсолаи истиқлол анҷом ёбад.

Бунёди майдонҳои варзишиву маконҳои бозии кӯдакон на ҳатман ба маъноест, ки он аз будҷаи шаҳр ва идораву сохторҳои шаҳрӣ сохта шудааст. Бо таъйин шудани Рустами Эмомалӣ ба симмати раиси шаҳри Душанбе, ҳатто идораву вазоратхонаҳое, ки корашон ба сохтмон ва меъморӣ ҳеҷ алоқамандӣ надорад, саъй мекунанд дар шаҳри Душанбе майдони варзишӣ, роҳ ва ё майдончаи кӯдаконаеро бунёд кунанд. Мисолҳо аз ин қабил хеле зиёданд. Фурудгоҳи байналмиллалии Душанбе, Идораи роҳи оҳан, Вазорати рушди иқтисод ва савдо аз сохтани чанд майдончаҳои варзишӣ дар шаҳри Душанбе хабар доданд.

Ободкорӣ ба хотири писари президент?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:02 0:00

Вилоятҳо ҳам дар ободонии Душанбе саҳм мегузоранд

Дар маъракаи сохту сози Душанбе шарҳу ноҳияҳо ва ҳатто вилоятҳо низ вориди сабқат шудаанд. Айни замон вилояти Суғд ба бозсозии Боғи Айнӣ ва вилояти Хатлон ба тармиму навсозии боғи "Дӯстии халқҳо", ки пайкараи Фирдавсӣ дар он ҷойгир аст, машғуланд. Ахиран ҷамъияти саҳҳомии Роғун низ эълон кард, ки нияти сохтани як майдончаи варзишӣ дар шаҳри Душанберо дорад ва ба ин манзур барои дарёфти як ширкати паймонкор озмун эълон кардааст.

Вале барои сокинони Душанбе муҳим нест, ки ин майдонҳо аз сӯи кӣ ва бо кадом маблағ бунёд мешавад. Хурсандии онҳо аз он аст, ки дар як муддати кӯтоҳ майдонҳои атрофи хонаашон бозсозӣ шуда, барои кӯдакону тифлон ва ҳам калонсолон шароити варзишу фароғат фароҳам шудааст.

Нозиршев Зумратшоҳ, сокини ноҳия Исмоили Сомонии пойтахт, ки ахиран дар назди манзили зисти ӯ майдончаи нави варзишӣ бунёд шуд, дар ин робита мегӯяд: "Пеш дар назди хонаи мо чунин як майдончаи обод набуд. Ҳоло майдонча бунёд шуду мо ҳамроҳи набераҳо ва аҳли хонавода бегоҳ мебароем ва то дер боз дар ин ҷо сӯҳбат мекунем, набераҳо бозӣ мекунанд".

"Методи шарқии" анҷоми кор

Авҷи маъракаи сохту соз ва саховатмандии соҳибкорону ширкатҳо дар амри бунёди иншоот дар шаҳри Душанбе бештар ба хотири дарёфти ризоияти шаҳрдори нави пойтахт сурат мегирад. Роҳбарони корхонаву идораҳо бар инанд, ки дарёфти эътимоди Рустами Эмомалӣ эътимоди раиси ҷумҳур низ ҳаст ва аз ин рӯ саховатмандона дар бунёди иншоот дар Душанбе саҳм мегиранд.

Зафар Абдуллоев, таҳлилгари тоҷик дар шарҳи ин раванд дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар замони роҳбарии Убайдуллоев хоҳишмандони бунёдкорӣ дар Душанбе ҳзиёд набуд, ҳарчанд ӯ борҳо талош карда буд соҳибкорону роҳбарони идораҳоро ба ин кор ҷалб кунад.

"Фаъолшавии ширкату идораҳои албатта бевосита ба шахсияти Рустами Эмомалӣ, ташаббуси бевоситаи ӯ марбут аст. Шояд ягон маҷлиси ғайрирасмӣ низ буд, ки дар он роҳбарони ин ва ё он идораву корхона барои бунёди ишоот дастур гирифтаанд. Ин як шакли шарқии ободонии шаҳр аст, ки аз роҳи маҷбур кардани сохтору идораҳое ба даст меояд, ки ба сохтмон чандон робитае надоранд”, - гуфт дар идома Зафар Абдуллоев.

Абдуллоев афзуд, аз назари идораи давлат ва иқтисоди бозаргонӣ ба корҳои ғайриихтисосиашон машғул шудани идораҳо дуруст нест. Ҳарчанд бархе аз идораҳо мегӯянд, ин майдонҳоро аз ҳисоби маблағҳои иловагии идора ва ё будҷаи иттифоқи касаба бунёд мекунанд.

Ҷамила Ҳусейнова, сухангӯи Фурудгоҳи байналмиллалии Душанбе мегӯяд, онҳо тасмим гирифтанд дар пойтахт се майдончаи варзишӣ бунёд кунанд: “Ин тасмими худи кормандони фурудгоҳ буд. Аз ҳисоби маблағҳои иловагии фурудгоҳ ва иттифоқи касаба мо аллакай ду майдончаи варзишӣ бунёд кардем. Сохтмони майдончаи саввум дар маҳаллаи 102-ум идома дорад. Дар сохтмон ва ободонии ин майдонҳо кормандони фурудгоҳ бевосита саҳм гирифтанд”.

Инерсияи ободкорӣ то кай мерасад?

Таъмири намуди зоҳирии биноҳои кӯчаҳои марказӣ, роҳу гулгаштҳо ва майдончаҳои миёнаи манзилҳои баландошёна дар Душанбе бо суръате идома дорад, ки пойтахт дар 25 соли охир онро ёд надошт. Аммо таҳлилгарон мегӯянд, ин зарбулаҷал аз таъин шудани Рустами Эмомалӣ - писари раисҷумҳур оғоз гирифта, маълум нест инерсияи ин ободонӣ дер мепояд ва ё на.

Писари калонии раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 12-уми январ иҷрокунандаи раиси шаҳри Душанбе таъйин шуда, дар ин мақом Маҳмадсаид Убайдуллоевро иваз кард, ки 19 соли гузашта раҳбарии пойтахтро бар ӯҳда дошт. Убайдуллоев дар ҳоли ҳозир раиси Маҷлиси Миллӣ -- палатаи болоии порлумони Тоҷикистон ва нафари дувум дар кишвар ба шумор меравад.

Рустами Эмомалӣ аз ин қабл дар чандин вазифаҳои калидии дигар, аз ҷумла раҳбарии Оҷонсии мубориза бо фасод ва Хадамоти гумрук кор кардааст. Вале қабл аз ин писари президент аз худ ба унвони як варзишгар ва пуштибони футболи тоҷик дарак дод ва соли 2012 раҳбари Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб шуд.

XS
SM
MD
LG