Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фоидаи нахустин ва кӯҳи зарару қарзҳо. Аҳволи "Барқи Тоҷик"

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Ширкати "Барқи Тоҷик", ки масъули таъмини беш аз 10 миллион аҳолии Тоҷикистон бо нерӯи барқ аст ва онро метавон дили иқтисоди кишвар номид, соли 2025 аз фоидаи холиси 2 миллиарду 450 миллион сомонӣ ё тақрибан 265 миллион доллар гузориш дод. Шарикони "Барқи Тоҷик", аз ҷумла Бонки Ҷаҳонӣ мегӯянд, бори аввал бо фоида ҷамъбаст кардани соли молӣ як пешрафти бузург ба ҳисоб меравад.

Воқеияти дигар

"Барқи Тоҷик" як корхонаи оддӣ нест, балки яке аз сутунҳои асосии амнияти миллии Тоҷикистон ва ҳифзи суботи иҷтимоӣ эътироф шудааст, зеро таъминкунандаи аслии нерӯи барқи тамоми соҳаҳои иқтисод, аз ҷумла корхонаҳои бузург, шифохонаву мактабҳо ва зербунёдҳои муҳими кишвар аст.

Маҳмадумар Асозода
Маҳмадумар Асозода

Ин ширкат солҳои дароз танқид мешунавад, ки кишварро бахусус дар фасли тирамоҳу зимистон бо нерӯи кофии барқ таъмин карда наметавонад ва мардум фасли сарморо дар торикиву сардӣ ба сар мебаранд. Маҳмадумар Асозода, раиси “Барқи Тоҷик”, моҳи феврали имсол таъриф кард, ки қарзи ширкат дар соли 2025 тақрибан 280 миллион доллар камтар шудааст, чун ҷамъоварии пули барқ беҳтар буд.

Аммо паси пардаи фоидаи чандсадмиллиондолларии "Барқи Тоҷик" воқеияти дигаре пинҳон аст. Аудит ё муҳосиботи байнулмилалии "Барқи Тоҷик", ки ширкати "Baker Tilly" анҷом додааст, баёнгари он аст, ки аҳволи "дили иқтисоди Тоҷикистон" хуб нест ва ояндаи он норӯшан намудор мешавад.

Дар аудити "Барқи Тоҷик", ки аввали моҳи сентябр нашр шуд ва Радиои Озодӣ онро омӯхт, кӯҳи зарару қарзҳое дида мешавад, ки солҳои дароз дар ширкат ҷамъ шудаанд. "Бейкер Тилли" мегӯяд, ки Барқи Тоҷик соли 2025-ро бо зарари бештар аз 3 миллиарду 150 миллион долларӣ ҷамъбаст карда буд. Албатта, нуктаи мусбат ин аст, ки зарар ба ҳадди соли 2024 нест ва дар он сол мизони зарар зиёдтар буд.

Ширкат миллиардҳо сомонӣ аз давлату дигар муассисаҳои молӣ қарздор аст, аз ҷумла аз Вазорати молия, ки бештар аз 11 миллиард сомонӣ пул додааст, то "Барқи Тоҷик" тавонад ба кори худ идома диҳад. Ду миллиард сомонии дигар аз "Ориёнбонк" қарздор аст ва бақия қарзҳои дигар муаасисаҳои молӣ аст.

Дар аудит омадааст, ки бо аҳволе, ки ҳоло “Барқи Тоҷик” дорад, худаш мустақилона фаъолияташро идома дода наметавонад ва маҳз дастгирӣ ва ёриҳои пайвастаи ҳукумат аст, ки онро зинда нигаҳ доштааст.

Посухи Бонки Ҷаҳонӣ

Бонки Ҷаҳонӣ, ки бо кумакҳои молии ройгон ва қарзҳои боимтиёз дар ислоҳоти соҳаи энержӣ ва аз ширкати "Барқи Тоҷик" мусоидат мекунад, мегӯяд, нахустин бор фоида ба даст овардани ширкат самараи ислоҳот аст.

Дар дафтари бонк дар Душанбе дар як посухи хатӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд: "Ҳарчанд ширкати "Барқи Тоҷик" ҳамоно бо мушкилоти чашмгири молиявӣ рӯбарӯст, бахши энергетика ба пешрафтҳои назаррас ноил шудааст. Аз ҷумла, бо пеш гирифтани усули нави муҳосибаи таърифаҳо, ки боис ба афзоиши тадриҷии нархи нерӯи барқ шуд. Беҳтар шудани ҷамъоварии ҳаққи нерӯи барқ, коҳиши талафоти он дар шабакаҳои тақсимот ва кам кардани хароҷоти хариди нерӯи барқ аз ҷумлаи пешрафтҳост… Дар натиҷаи ин тадбирҳо, ширкати "Барқи Тоҷик" пас аз таҷдиди сохтор ва ҷудо шудани бахшҳои он ба ширкатҳои алоҳида дар соли молиявии 2022, бори аввал фоида ба даст овард. Бо вуҷуди ин ширкат ҳамоно зиёни бузурги ҷамъшуда дорад."

  • "Барқи Тоҷик", ки масъули истеҳсолу интиқолу тақсим ва фурӯши нерӯи барқ буд, соли 2022 ба се қисм ҷудо шуд. Худи "Барқи Тоҷик" масъули истеҳсоли нерӯи барқ ва гармӣ дар нерӯгоҳҳои барқи обӣ ва марказҳои барқу гармидиҳӣ монд.
  • Ширкати дуюм ҷамъияти саҳомии "Шабакаҳои интиқоли барқ" шуд, ки масъули интиқоли нерӯи барқ тавассути хатҳои баландшиддат ва зеристгоҳҳо буда, вазифаи он расонидани барқ аз манбаъҳои истеҳсолӣ ба шабакаҳои тақсимот аст.
  • Ширкати сеюм ҷамъияти саҳомии "Шабакаҳои тақсимоти барқ" шуд, ки масъули расонидани барқ ба муштариён, аз ҷумла аҳолӣ, корхонаҳо ва ҷамъоварии пули он мебошад.

Дуздии барқро номумкин месозанд?

“Барқи Тоҷик” солҳои дароз аст, ки барои мудирияти нодуруст, талафоти зиёди нерӯи барқ танқид мешунавад ва онро як дарди сари буҷаи Тоҷикистон ҳам медонанд. Сандуқи Байнулмилалии Пул ва Бонки Ҷаҳонӣ дар гузашта гуфтаанд, ки сатҳи ҷамъоварии пули барқ аз муассисаҳои давлатӣ бисёр паст аст, нерӯи барқ арзонтар аз арзиши аслии он фурӯхта мешавад ва қарзҳои пардохтнокардаи “Барқи Тоҷик” барои буҷаи кишвар дарди сар шудаанд.

Аҳвол то ҳадде бад шуд, ки соли гузашта дар Тоҷикистон барои истифодаи ғайриқонунӣ ё дуздии барқ ҷазои ҷиноӣ таъйин карданд ва баъди ин “Барқи Тоҷик” аз боло рафтани даромад аз ҳисоби фурӯш гузориш дод. Худи кормандони "Шабакаҳои тақсимоти барқ"-ро ҳам барои дуздии ҳаққи барқ дастгир карданду ҷазо доданд ва ҳанӯз ҳам гузоришҳо дар ин бора мерасанд. Ҳоло умед ба насби дастгоҳҳои ҳушманд бастаанд, ки дуздиву истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқро номумкин месозад, аммо ин чораҳо то куҷо метавонанд, “дили иқтисод”-и Тоҷикистон муолиҷа кунанд, номаълум мемонад.

Дафтари Бонки Ҷаҳонӣ дар посух ба суоли Радиои Озодӣ, ки чӣ метавонад, аҳволи “Барқи Тоҷик”-ро дар оянда беҳтар кунад, чунин посух додааст: "Барои таъмини устувории молии дарозмуддати бахши энергетика, иҷрои муназзами барномаи ҳукуматии ислоҳоти соҳа зарур аст, аз ҷумла мудирияти қавитари молӣ, роҳбарӣ, ҳамчунон коҳиш додани талафоти нерӯи барқ, беҳтар кардани ҷамъоварии ҳаққи нерӯи барқ, бахусус аз муштариёни бузург ва иҷрои пурраи қарори ҳукумат таҳти рақами 477.”

“Талко”, корхонаи азими истеҳсоли алюминий, яке аз муштариёни асосии “Барқи Тоҷик” аст ва дар гузашта аз қарздорҳои асосии “Барқи Тоҷик” буд .

Қарори мазкур, ки 16-уми сентябри соли 2025 қабул шуд, қоидаҳои сахти мудирияти молӣ дар “Барқи Тоҷик”-ро таъйин кардааст ва бар асоси он дигар ширкат аз ҷумла ҳақ надорад, барои “корҳои хайрияву консерту варзиш пул харҷ кунад.” Бар пояи ин қарор, аз имсол “Барқи тоҷик” бояд аз тамоми харҷе, ки мекунад, 35 дар сад фоида ба даст биёрад. Ҳадафе, ки расидан ба он чандон осон ба назар намерасад.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

"Барқи Тоҷик" фоидаи нахустин ба даст овардааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:01 0:00
  • Акси 16x9

    Тоҳири Сафар

    Аз соли 1999 корманди Радиои Озодист. То 2001 дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе фаъолият дошт ва ҳоло дар Прага кору зиндагӣ мекунад.

Гӯшаҳо

Гуфтугӯ

​
XS
SM
MD
LG