Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Донишмандон: "Дар Тоҷикистон 10 000 тонна маъдани уран ҳаст"

навшуда
Яке аз партовгоҳҳои азими радиоактив дар шаҳри Бӯстон дар вилояти Суғд.
Яке аз партовгоҳҳои азими радиоактив дар шаҳри Бӯстон дар вилояти Суғд.

Гурӯҳе аз донишмандон бо таҳқиқи партовгоҳҳои азими маъдани уран дар Тоҷикистон маълум кардаанд, ки дар сурати коркарди дубора аз онҳо метавон тақрибан 10 ҳазор тонна маъдани уран ба даст овард.

Гурӯҳе аз донишмандон бо таҳқиқи партовгоҳҳои азими маъдани уран дар Тоҷикистон маълум кардаанд, ки дар сурати коркарди дубора аз онҳо метавон тақрибан 10 ҳазор тонна маъдани уран ба даст овард.

Дар таҳқиқи ин гурӯҳ аз олимони Академияи улум ва Оҷонси амнияти ҳастаӣ ва кимиёии Тоҷикистон омадааст, дар 10 партовгоҳи азими радиоактивӣ, ки дар шимоли кишвар ҷойгиранд, тақрибан 10 000 тонна маъдани уран нуҳуфтааст. Ба гуфтаи онҳо дар сурати коркарди дубораи ин партовгоҳҳо, метавон, хатари партовгоҳҳои заҳрогин барои аҳолиро кам кард ва ҳам аз ҳисоби фурӯши уран фоидаи зиёде ба даст овард.

Ба навиштаи ин донишмандон, фақат аз партовгоҳи Деҳмой, ки 36 миллион тонна партови уран дорад, метавон 2160 тонна маъдани уран ба даст овард. Вилояти Суғд аз замони Шӯравӣ, 10 партовгоҳ мерос гирифтааст ва дар онҳо онҳо 55 миллион тонна моддаҳои радиоактив нуҳуфтаанд.

Бе муҳофизати дуруст ва ё зери хок накардани партовгоҳҳо хатари олуда шудани муҳити зист ва гирифтории мардуми атроф ба бемориҳои хатарнок, аз ҷумла саратон зиёд боқӣ мемонад.

Мақолаи илмӣ дар маҷаллаи илмии «Гузоришҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» дар моҳи май нашр шудааст.

Муаллифони таҳқиқ, ки панҷ нафар гуфтаанд, имкони коркарди дубораи партовгоҳҳои уран дар кишвар вуҷуд дорад ва дар сурати ин кор, метавон хатарҳои моддаҳои радиоактив ба муҳити зист ва аҳолиро кам кард ва айни замон суди иқтисодии зиёде ба даст овард.

Донишмандон иттилоот дар бораи 10 партовгоҳи азими ҳастаӣ дар Тоҷикистонро таҳлил кардаанд, ки ҳамаашон дар вилояти Суғд ҷойгиранд. Ба гуфтаи онҳо, аз ҷумла аз дуввумин партовгоҳи азим дар шаҳри Истиқлол, ки 7 миллион тонна партов дорад, имкони истихроҷи маъдани 720 тонна уран ҳаст.

Дар ҷойи саввум, қисмати 3 партовгоҳи радиоактиви Истиқлол аст, ки ба навиштаи донишмандони тоҷик 3 миллион тонна партов дорад ва аз ин миқдор боқимонда метавон 450 тонна маъдани уран ба даст овард.

Ба гуфтаи донишмандони тоҷик, азбаски маъдан дар таркиби хокаи коркардшуда аст, дар сурати истихроҷ зарурат ба баъзе аз корҳо ва истифода аз туршӣ ва ё кислотаҳои гаронқимат намемонад.

Танҳо дар атрофи шаҳри Истиқлол (Табошари собиқ)-и вилояти Суғд панҷ партовгоҳи радиоактив вуҷуд дорад, ки аз Шӯравии собиқ ба Тоҷикистон ба "мерос" мондааст.

Ин шаҳр дар охирҳои соли 1940 бунёд шуда ва аз пӯшидатарин шаҳрҳои кишвар ба шумор мерафт. Аз инҷо маъдани уран ҳосил мекарданд ва сипас ба урани ғализ табдил медонад, ки онро метавон ҳам барои нерӯгоҳҳои барқи атомӣ ва ҳам сохти бомби атомӣ ба кор бурд.

Гӯшаҳо
XS
SM
MD
LG