Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ ва БҶ чораи буҳрони озуқаро мендешанд


Дабири кулли СММ Бан Кӣ Мун
Дабири кулли СММ Бан Кӣ Мун

СММ ва Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) тасмим гирифтаанд барои ҷилавгирӣ аз бӯҳрони озуқа як идда чораҳои оҷилро пиёда кунанд.

Дар шаҳри Берни Швейтсария ҷаласаи раҳбарони ниҳодҳои СММ ва муассисаҳои байнумилалӣ доир шуд, ки раҳбарии онро дабири кулли СММ Бан Кӣ Мун бар дӯш дошт. Ширкаткунандагони нишаст аз мамолики олам даъват карданд, ки содироти маводи озуқаро маҳдуд накунанд. Тахминан 60 дарсад боло рафтани маводи озуқа боиси эътирозҳои мардумӣ дар мамолики Африқо, Осиё ва Ҷануби Амрико гардидааст.

Болоравии нархи маводи ғизоӣ чандин моҳ инҷониб боиси нигаронӣ шуда буд. Нархи баланди маводи сӯхт, афзоиши тақозо ва тавлиди миқдори ҳар чӣ бештари маводи сӯхти биологӣ қимати гандуму ҷуворимаккаро боло бурдаанд. Вале акнун камбуди озуқа хавфи гуруснагиву нооромиҳо дар кишварҳои камбизоатро ба вуҷуд овардааст. Ин аст, ки ҳафтаи равон дабири кулли СММ Бан Кӣ Мун барои арзёбии ин масъала раҳбарони тақрибан 12 муассисаи СММ-ро дар ашҳри Берни Швейтсария ҷамъ намуд. Ширкаткунандагони ҷаласа ба хулоса омаданд, ки гурӯҳи хосеро барои рафъи бӯҳрони озуқа ташкил диҳанд. Раҳбарии онро дабири кулли СММ бар дӯш дошта, раҳбарони Бонки Ҷаҳонив уСандуқи байналмилалии пул ба он шомил шудаанд.

Бан Кӣ Мун мегӯяд, масъалаи авлавиятнок таъмини ғизо ба онҳоест, ки қудрати худтаъминкуниро аз даст додаанд. Дабири кулли СММ аз кумакрасонҳо даъват кард, камбуди 755 миллион доллари Барномаи ҷаҳонии озуқаро бартараф кунанд. Вай афзуд, ки бояд фикри ояндаро кард ва кафолат дод, ки фардо мардум бидуни ғизо намемонанд. Ӯ илова кард, ки муассисаи озуқа ва кишоварзии СММ ба кишоварзони мамолики камбизоати олам ба маблағи1,7 миллиард доллар тухмӣ тақдим мекунад.

Раиси Бонки ҷаҳонӣ Роберт Золик

Дар навбати худ Бонки Ҷаҳонӣ иттилоъ дод, ки соли оянда тақдими қарз ба соҳаи кишоварзии Африқоро ду баробар афзоиш дода, ба 800 милион доллар мерасонад. Раиси Бонки ҷаҳони Роберт Золик даъват кард, ки кишварҳои олам содироти маводи ғизоиро маҳдуд накунанд. Вай гуфт, "ин гуна чорабиниҳо захираи маводи ғизоиро ба вуҷуд оварда, боиси болоравии нархҳо мегардад. Аз ин иқдом мардуми камбизоати саросари олам, ки бо мушкили тағзия мувоҷеҳ ҳастанд, азият мекашанд." Раиси Бонки ҷаҳонӣ лағви маҳдудсозии содироти ғалла дар Украинаро хуш пазироӣ намуд. Золик гуфт, ин иқдом нархи ғалларо қадре поин бурд.

Мансабдорони СММ мегӯянд, тибқи баъзе пешбиниҳо имсол ҳосили ғаллаву гандум хуб хоҳад буд ва эҳтимол нархҳо ба тадриҷ поинтар шаванд. Дар ин иртибот раиси Бонки ҷаҳонӣ гуфт, чанд ҳафтаи оянда барои рафъи бӯҳрони саросарии озуқа хеле муҳим хоҳанд буд.

XS
SM
MD
LG