Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Энержӣ, рушд ва норасоии ғизо дар ҷаҳон


Ба навиштаи рӯзномаи амрикоии "International Herald Tribun", болоравии нархи энерживу озуқа вазъи кишварҳои камбизоатро душвор кардааст.

Дар баъзе мамолики қашшоқ 3/4 ҳиссаи даромади мардум фақат барои хариди маводи ғизоӣ масраф мешавад.
Нашрия бар ин назар аст, ки кишварҳои саноатӣ бояд саховати бештар нишон дода, кумак ба кишварҳои камбизоатро афзоиш диҳанд.
"International Herald Tribun" менависад, дар кишварҳои сарватманд аксари мардум озуқаро ҳамчун ҳадя ба даст меоранд. Камбағалтарин табақаҳои мардуми ИМА ҳамагӣ 16 % даромадашонро барои хариди маводи ғизоӣ масраф мекунанд. Аммо вазъи кишварҳои дар ҳоли рушд фарқ дорад. Барои муқоиса хотирнишон мекунем, ки дар Нигерия оилаҳо 73% буҷеташонро барои хариди озуқа масраф мекунанд. Дар Ветнам 65% ва дар Индонезия нисфи даромади оила барои хариди хӯрок сарф мешавад.
Соли гузашта болоравии нархҳо боис шуд, ки хароҷоти воридоти озуқаи кишварҳои дар ҳоли рушд 25% афзоиш ёбад. Ҳамин тариқ, нархи ҷуворимакка дар ду соли ахир ду баробар афзоиш ёфта, нархи гандум ба баландтарин қимат дар 28 соли гузашта мусовӣ шудааст. Ин ҳол чандин кишвари олам аз Ҳайитӣ то Мисрро ноором кардааст. Кишварҳо содиротро маҳдуд ва андоз аз воридоти маҳсулоти кишоварзиро коҳиш медиҳанд.
Таъсири болоравии саросарии нархҳо ба ҷайби муштариёни тоҷикистонӣ ҳам таъсир гузоштааст. Як сокини ноҳияи Нуробод баъди ошноӣ бо нарху наво дар бозори Шоҳмансури пойтахти Тоҷикистон мегӯяд: "Нархҳо хеле баланд мебошанд. Баъзе мардуми нони хӯрданӣ надоранд."
Аммо вазъ дар Афғонистони ҳамсоя ҳатто вазнинтар аст. Дар суҳбат бо радиои Озодӣ як муштарии бозори вилояти Бағлони ин кишвар гуфт, ки маошашон ба як халта биринҷ намерасад. Ӯ ҳамчунин гуфт, ки дар баъзе деҳот мардуми қашшоқ аз ночорӣ маҷбур ба истеъмоли сабӯс ва нони хушк шудаанд, ки одатан ғизои чорвост.
Дар иртибот бо болоравии нархи маводи ғизоӣ раиси Бонки ҷаҳонӣ Роберт Золик ҳушдор додааст, ки 33 кишвари олам бо таҳдиди нооромиҳои иҷтимоъӣ рӯбарӯ мебошанд. Сабаби болоравии нархҳо барои бисёриҳо рӯшан аст: коҳиши ҳосили кишоварзии чанд соли ахир, ки ба зудӣ аз байн нахоҳад рафт.
Аз сӯе ҳам болоравии қимати маводи сӯхт ва афзоиши некӯаҳволиву тақозои шумораи ҳар чӣ бештари мардуми миёнаҳоли Чин ва Ҳиндустон ниёз ба маводи ғизоиро бо суръат бештар мекунад. Ба фикри муаллифи матлаби "International Herald Tribun" кишварҳои сарватманд бояд ба саҳна ворид шуда, то ҷое метавонанд, вазъро беҳбуд бахшанд.
Дар Амрикову Аврупо барои ҷилавгирӣ аз афзоиши партобҳои гулхонаӣ тавлиду истифодаи маводи сӯхти биологӣ ташвиқ мешавад, ки дар натиҷа миқдори зиёди ҷуворимакка ва ҳатто ғалла баъди коркард ба ҳайси маводи сӯхт ба бозор бароварда мешавад.
Вале, ба қавли коршиносон, бензин аз ҷуворимакка ва ғалла мизони партоб ба муҳити зистро зиёд тағйир намедиҳад. Роберт Золик мегӯяд, дар ҳоле ки баъзеҳо дар фикри бензину пур кардани баки мошини худ ҳастанд, бисёриҳо дар ғами шикамҳои холии худ ва наздиконашон мебошанд: " Ҳоло сухан дар бораи дарки вазъи фавқулода ва истифодаи имкон меравад. Мо метавонем созиши нави ҷаҳонӣ дар сиёсати маводи ғизоиро имзо кунем. Дар навбати аввал ҷомиъаи ҷаҳонӣ бояд 500 миллион доллар камбуди сармоя дар Барномаи ҷаҳонии озуқаро рафъ намояд, то имкони ирсоли кумакҳои фаврӣ ба даст ояд".
Роберт Золик илова мекунад, дар дарозмуддат кишварҳои сарватманд метавонанд ба рушди кишоварзӣ ё худ инқилоби сабз дар кишварҳои рӯ ба рушд кумак расонда, маҳсулнокии заҳмати онҳоро афзоиш диҳанд.
Нашрия менависад, ки кишварҳои саноатӣ саховати зиёд надоранд. соли гузашта кумаки онҳо ба мамолики камбизоат наздик ба 8,5 дарсад коҳиш ёфт. Ба қавли ин нашрияи амрикоӣ, кишварҳои сарватмандро зарур аст, ки дар тӯли се соли оянда мизони кумак дар буҷетҳояшонро 35% бештар намоянд, зеро афзоиши мардуми миёнаҳол дар Чину Ҳиндустон, тавлиди маводи сӯхти алтернативӣ ва зиёни гармшавии ҳаво ба кишоварзӣ маънои онро доранд, ки шояд муддате нархҳо поин нашаванд ва миллионҳо сокини олам муҳтоҷи кумак монанд.
"International Herald Tribun" хулоса кардааст, ки сиёсати энергетикии кишварҳои сарватманд дар зуҳури ин вазъ саҳм доранд, пас онҳо бояд дар пайи ҳалли он бошанд.
XS
SM
MD
LG