Дар айни замон дабири кулли СММ ҳушдор медиҳад, ки манъи содироти биринҷ ва гандум камбуди маводи ғизоиро давомдор хоҳад кард. Камтар аз даҳ сол пеш кишварҳои дунё мувофиқат карданд, ки ҳаёти табақаҳои камбизоати саросари оламро беҳбуд бахшанд. Дар байни ҳадафҳои ҳазора, ки СММ тартиб додааст, то 50 дарсад коҳиш додани камбизоатӣ то соли 2015-ум зикр шудааст. Аммо дар давоми як соли гузашта нархи гандум ду баробар афзоиш ёфт. Нархи биринҷу дигар навъҳои маводи ғизоӣ низ ба ҳадде боло рафтааст, ки дар кишварҳои африқоиву осиёӣ эътирозҳо аз нарху наво ба гӯш мерасад.
Дабири кулли СММ Бан Ки Мун таъкид мекунад, ки болоравии нархҳо имкон дорад иҷрои барномаҳои коҳиши камбизоатиро барҳам занад. Вай меафзояд, "агар мо стратегияҳоямонро бознигарӣ накунем ва агар мо кӯшишҳоиямонро ба маротиб афзоиш надиҳем, мо ваъдаҳоямон ба миллионҳо нафар мардуми камбизоатро иҷро карда наметавонем".
Монанди Бан Ки Мун ҳафтаи гузашта раиси Бони Ҷаҳонӣ Роберт Золик аз болоравии нархҳо изҳори нигаронӣ намуд ва афзуд, ки бӯҳрони озуқа наздик ба 100 миллион нафарро боз ҳам қашшоқтар хоҳад кард. Моҳи феврал барномаи озуқаи СММ 500 миллион доллари иловагӣ дархост намуд, зеро ба қавли ин созмон шумораи мардуми ниёзманди кумак афзоиш меёбад.
Ба қавли шореҳон, дар ҳоле, ки афзоиши нархи маводи ғизоӣ идома дорад, барномаи озуқа барои татбиқи лоиҳаҳояш ба маблағи бештар эҳтиёҷ хоҳад дошт. Кишварҳое амсоли Қазоқистону Ветнам бо ҳадафи ҳифзи бозорҳои дохилӣ содироти ғаллаву биринҷро манъ кардаанд. Вале дабири кулли СММ дар ин иртибот мегӯяд, маҳдудсозии сунъии тиҷорати байналмилалӣ нооромии бозорҳои бештар мекунад. Вай меафзояд, "агар ин бӯҳрон таври муносиб бартараф нашавад, силсилаи болоравии нархи маводи дигар ва билохира бӯҳронҳои бисёрпаҳлӯ арзи вуҷуд мекунанд. Мушкилӣ миқёси гуногун касб намуда, ба рушди иқтисодӣ ва ҳатто назму суботи сиёсии саросари олам таъсир мегузорад".
Болоравии нархи маводи сӯхт, афзоиши тақозо ва ҳосили ночизи солҳои гузашта сабаби асосии афзоиши нархи маводи озуқа номида мешавад. Вале баъзеҳо истеҳсоли маводи сӯхти биологиро ҳам аз омилҳои муҳими болоравии нарх меноманд. Рӯзи ҷумъа мудири Сандуқи байналмилалии пул Доминик Сутраус-Кан гуфт, тавлиди маводи сӯхти биологӣ мушкили ахлоқӣ эҷод кардааст. Ӯ пешниҳод кард, ки тавлиди сӯзишворӣ аз ҷуворимаккаву найшакар то муддате мутаваққиф гардад.
Ҳафтаи оянда дар Швейтсария ба хотири арзёбии роҳҳои ҷилавгирӣ аз идомаи болоравии нархи маводи озуқа ниҳодҳои СММ, Бонки ҷаҳонӣ ва Сандуқи байналмилалии пул ҷамъ мешаванд.