Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Покистониҳо Маҷлиси қонунгузор интихоб мекунанд


Имрӯз дар Покистон интихоботи парламентӣ барпо мешавад. Тибқи нақша ин маърака мебоист моҳи гузашта ба амал ояд, вале куштори собиқ сарвазири Покистон Беназир Бҳутто дар як гирдиҳамоии сиёсии моҳи декабр сабабгори таъхири овоздиҳӣ шуд. Шореҳон тахмин мекунанд, ки дар раъйдиҳӣ ҳизби Бҳутто бо номи ҳизби мардумии Покистон пирӯз хоҳад шуд.
Маҷлиси қонунгузори ин кишвар аз 342 курсӣ иборат аст. Имрӯз барои таъмини назму субот 80000 афсару сарбози покистонӣ ба кӯчаҳои ин кишвар мебароянд.
Соли равон дар норомиҳои Покистон беш аз 450 нафар ба ҳалокат расидаанд.
XS
SM
MD
LG