Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушаки эронӣ аз кайҳон маълумот фиристод


Эрон мегӯяд, як мушаки таҳқиқотие, ки ин кишвар ибтидои моҳи равон ба фазо фиристода буд, бо муваффақият аз кайҳон ба замин иттилоъ ирсол намуд.
Теҳрон исрор меварзад, ки партоби мушак бахше аз барномаи рушди моҳвораҳо аст, вале ИМА ва Русия онро танқид карданд. Ба қавли ду кишвар фанноварие, ки дар ирсоли моҳвора ба кайҳон истифода мешавад, имкон дорад дар тавлиди силоҳ низ ба кор ояд.
Феълан барномаи рушди маводи сӯхти ҳаставии Теҳрон мавриди нигарониии ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, баъзе кишварҳо хавф доранд, ки дар асл Эрон дар паи тавлиди аслиҳаи ҳаставӣ мебошад.
XS
SM
MD
LG