Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афви умумӣ дар Туркманистон


Президенти Туркманистон, Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, хостори озодии зиёда аз ҳазор маҳбуси кишвараш шуд. Ин афв ба муносибати Рӯзи парчами миллии Туркманистон, 19 феврал, эълон шуда, зимни он 1 269 маҳбус, аз онҳо 190 нафар занон ба озодӣ мебароянд. Тибқи хабарҳо дар байни онҳо ягон маҳбуси сиёсӣ нест. Афвҳои умумӣ яке аз одатҳои президенти пешини Туркманистон, Сафармурод Ниёзов, буд. Дар охирин афв, моҳи октябри соли гузашта 9 ҳазор маҳбус озод гардид.
XS
SM
MD
LG