Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин сипари зиддимушакиро таҳдид ба Русия номид


Президенти Русия, Владимир Путин, дар нишасти хабарии солонааш дар Маскав имрӯз тарҳи истиқрори сипари зиддимушакии Амрико дар Аврупоро таҳдиде ба кишвари хеш номид. Вай такрор кард, ки агар ин тарҳ амалӣ гардад, Маскав маҷбур хоҳад буд, ба он посух диҳад. Иёлоти Муттаҳида борҳо гуфтааст, ҳадаф аз бунёди родор дар Ҷумҳурии Чех ва пойгоҳи мушакӣ дар Лаҳистон Русия намебошад. Бо зикри ин ки аксарияти чехҳо, тибқи назарсанҷӣ, ба ин тарҳ мухолифанд, Путин хитоб кард, ки чаро раъйи онҳо ба назар гирифта намешавад.
XS
SM
MD
LG