Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русияву Украина ба тавофуқ расиданд


Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин имрӯз дар Маскав дар пайи мулоқот бо ҳамтои украиниаш Виктор Юшенко гуфт, ӯву Юшенко дар мавриди масъалаи қарзи Украина аз ширкати русии “Газпром” ба тавофуқ даст ёфтаанд. Путин гуфт, пешниҳоди Украина ширкати “Газпром”-ро қонеъ сохтааст ва қарордоди ниҳоӣ дар ин масъала ба зудӣ имзо хоҳад шуд.

Юшенко гуфт, Украина розӣ шуд, пули гази соли гузашта истифодабурдаашро бо нархи 179 доллар барои ҳазор метри мукааби газ пардохт кунад.

Масъалаи қарзи Украина аз ин ширкат дар музокироти раҳбарони ин ду кишвар дар Маскав як мавзӯъи асосӣ будааст.

“Газпром” таҳдид карда буд, дар ғайри сурати пардохтани қарзаш тавзеъи газ ба Украинаро қатъ хоҳад кард.

“Газпром” қарзи Украинаро ҳудуди 1,5 миллиард доллар баровард кардааст, вале ширкати украинии “Нафтогаз” ба чунин бузургӣ расидани қарзашро радд мекунад.

XS
SM
MD
LG