Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

600 000 фирорӣ бар асари бӯҳрони Кения


Ҳамоҳангсози барномаҳои башарии СММ мегӯяд, дар паи оғози хушунатҳои ахири Кения 600 000 нафар макони доимии зисташонро тарк намудаанд. Ҳафтаи гузашта ёвари дабири кулли СММ дар умури башарӣ Ҷон Ҳолмз аз макони нооромиҳо, ки ҳаёти беш аз 1000 сокини Кенияро аз байн бурдааст, зиёрат кард.
Ӯ гуфт тахминан 300 000 фирорӣ дар урдугоҳҳо ба сар мебаранд, вале шояд ҳамин қадари дигар дар хонаҳои дӯстону ҳамсояҳо паноҳгоҳ ёфта бошанд.
Нооромиҳо баъди интихоботи президентии моҳи декабр оғоз ёфтанду вазъи ногувори иқтисодиву қавмӣ бӯҳронро амиқтар кард.
XS
SM
MD
LG