Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар сӯиқасд президенти Тимори Шарқӣ маҷрӯҳ шуд


Дар ҷараёни як ҳамла президенти Тимори Шарқӣ Рамос Ҳорта маҷрӯҳ шудааст. Ҳамла шаби гузашта дар хонаи Рамос Ҳорта ба амал омад. Барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел аз шикамаш захмӣ шудааст. Тибқи гузоришҳо ҳаёти ӯ дар хатар нест. Ҳангоми ҳамла муҳофизи хонаи президенти Тимори Шарқӣ ба ҳалокат расид.
Ҳамчунин гузориш дода мешавад, ки бо тири ҷавобӣ раҳбари шӯришгарон майор Алфредо Рейнадо ба қатл расид. Номбурда соли 2006-ум аз маҳбас фирор карда буд ва мақомоти Тимори Шарқӣ дар ҷустуҷӯи ӯ буданд.
XS
SM
MD
LG