Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Мулло Умар ва Бин Лоден дар Покистон будаанд"


Як мақоми баландпояи амрикоӣ бидуни бурдани номаш дар Вошингтон ба хабарнигорон гуфтааст, бовар меравад, ки раҳбари Толибон Мулло Умар ва раҳбарони шабакаи Ал-Қоида, бо шумули Усома Бин Лоден дар Покистон ба сар мебаранд.

Ин мақом гуфтааст, бовар меравад, ки Мулло Умар ва дигар раҳбарони Толибон дар Кветтаи Покистон паноҳ бурда, аз ҳамон ҷо фаъолиятҳои ҷангиён дар Афғонистонро ҳамоҳанг мекунанд. Ба гуфтаи ин манбаъ, Бин Лоден, мушовири наздики ӯ Аймон Завоҳирӣ ва дигар фармондеҳони Ал-Қоида ғолибан дар минтақаҳои қабиланишини Покистон маскан гузидаанд.

Аммо ин мақом манбаъи ин хабарро наовардааст.

XS
SM
MD
LG