Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯҳонии муттаҳам бо терроризмро ба ИМА месупоранд


Британия тасмим гирифтааст, рӯҳонии исломии маҳбус Абу Ҳамза Ал-Мисриро ба ИМА таслим намояд. ИМА Ал-Мисриро бо терроризм муттаҳам мекунад.
Вазорати корҳои дохилии Британия изҳор намуд, ки вазир Ҷекӣ Смис дастури истирдоди Ал-Мисриро имзо кард. Ҳамза метавонад дар давоми 14 рӯз бознигарии ин дастурро талаб кунад.
Вашингтон бар ин назар аст, ки Ҳамза бахше аз ҷиҳоди саросарӣ бар зидди мамолики ғарбиро сарварӣ мекард. Мақомоти ИМА Ҳамзаро ҳамчунон бо доштани нақш дар ҳодисаи рабудани 16 сайёҳ дар Яман дар соли 1998-ум муттаҳам мекунад.
Ин рӯҳонӣ бо ҷурми ташвиқи нафрати байнинажодӣ ва куштор ба муддати ҳафт сол аз озодӣ маҳрум шудааст.
XS
SM
MD
LG