Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қонунгузорони турк ба ҳиҷобпӯшӣ иҷозат доданд


Парламенти Туркия ба тарафдорӣ аз тағйири қонуни асосии ин кишвар овоз дода,аз ҳиҷобпӯшии занон дар донишгоҳҳо пуштибонӣ кард. Субҳи имрӯз 401 вакили мардумии Туркия, яъне беш аз се ду ҳиссаи зарурӣ барои тағйири сарқонун пешниҳоди тағйири конститутсияро дастгирӣ карданд. Ҳукумати зери назорати ҳизби исломгарои Адолат ва рушди Туркия низ ҷонибдори иҷозати ҳиҷобпӯшии занон дар донишгоҳҳо мебошад.
Рӯзи шанбе дар овоздиҳии дуюм парламенти Туркия ин тағйирро тасвиб хоҳад кард.
Тарафдорони тағйири сарқонун мегӯянд, манъи ҳиҷобпӯшии занон дар донишгоҳҳо озодии динии мусулмононро поймол мекунад.
Мухолифини тағйир мегӯянд, аз байн бурдани манъи ҳиҷобпӯшӣ низоми маорифи Туркияро бо завол рӯ ба рӯ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG