Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия изҳори таассуф кард


Имруз Руссия изҳори таассуф кард, ки ниҳоди нозир бар интихоботи САҲА имтиёзи мубоҳиса пиромуни назорат бар интихоботи раёсати ҷумҳурии Руссияро рад кардааст. Баъд аз он, ки ниҳоди назорат бар интихоботи вобаста ба САҲА аз маҳдудиятҳои ҷорикардаи Руссия дар ростои интихоботи 2-юми марти раёсати ҷумҳурӣ шикоят кард, рузи сешанбе Руссия дар пешниҳоди худ гуфт, ки барои назорат бар интихобот ба гуруҳе бо шумораи бештари нозир ва барои муддати тулонитаре иҷозаи назорат хоҳад дод. Ниҳоди нозир бар интхоботи САҲА ин пешниҳодро кофӣ надонист ва Андрей Денисов-муовини вазири хориҷаи Руссия изҳори умед кард, ки музокирот роҷеъ ба ин масъала идома ёбад. Соли гузашта САҲА барои чунин маҳдудиятҳо интихоботи порламонии Руссияро байкот карда буд.
XS
SM
MD
LG