Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯъиқасд ба ҷони волии Пактиё


Рӯҳуллоҳ Сомон
Рӯҳуллоҳ Сомон
Волии вилояти Пактиё дар ҷануби Афғонистон дар роҳ ба сӯи дафтари кораш аз як сӯъиқасди чирикиҳо ҷон ба саломат бурдааст. Рӯҳуллоҳ Сомон, сухангӯи волӣ гуфт, як бомби канори роҳ ҳамагӣ чанд лаҳза пас аз убури мошини ҳомили Ҷумъахон Ҳамдард мунфаҷир шуд. Сомон афзуд, худи волӣ осебе надидааст, вале се маъмури пулис аз корвоне, ки мошини Ҳамдардро ҳамроҳӣ мекард, ҷароҳатҳои сабук бардоштаанд.
XS
SM
MD
LG