Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талошҳои нокоми пайдо кардани мураббӣ барои "Спартак"


Талошҳои пайдо кардани мураббӣ барои яке аз маъруфтарин дастаҳои футболи Русия – дастаи “Спартак”-и Маскав то ҳол бенатиҷа анҷом ёфтаанд.

Соҳиби клуби “Спартак” Леонид Федун дар як нишасти хабарӣ гуфт, ки музокирот бо Марчелло Липпӣ, ки таҳти раҳбарии ӯ дастаи Италия соли 2006 қаҳрамони ҷаҳон шуда буд, ноком шуд.

Липпӣ гуфтааст, ки айни ҳол имкони тамрин додани “Спартак”-ро надорад.

Мураббии маъруф Луи Ван Гал ҳам аз машқ додани дастаи “Спартак” сарпечӣ кардааст.

Ба гуфтаи Федун, Ван Гал айни ҳол дар пайи ҳалли моҷаро дар дастаи “Бавария” мебошад ва аз ин пештар пешниҳод барои тамрин додани дастаи “Ювентус”-ро рад кардааст.

Ёдовар мешавем, баъд аз чанд бохти пайдарпай мурабии "Спартак" Валерий Карпин истеъфо дод.
XS
SM
MD
LG