Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳавопаймоҳои Италия дар амалиёти НАТО ширкат мекунанд


Силвио Берлусконӣ, нахуствазири Италия, изҳор намуд, ки нерӯҳои ҳавоии кишвар барои ширкат дар бомборони муассисаҳои низомии Либия омодаанд.

Дар изҳороти вижаи Берлусконӣ гуфта шудааст, ки ширкати Италия дар амалиёти НАТО дар Либия ба хотири дифоъ аз мардуми осоишта аст.

То имрӯз низомиёни Италия дар амалиёти НАТО дар Либия фақат кӯмаки техникӣ мекарданд.
XS
SM
MD
LG