Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико имкони таҳримҳои зидди Сурияро баррасӣ мекунад


Амрико таҳримҳои ҳадафмандонаро бар зидди мақомоти Сурия баррасӣ мекунад. Ин навъе посух ба саркӯбии норозиён аз сӯи нируҳои амниятии Сурия аст. Томмӣ Витор-сухангӯи Шӯрои Амнияти Миллии Амрико гуфт, Амрико чунин таҳримҳои ҳадафмандонаро бар зидди Сурия баррасӣ мекунад ва бад-ин тариқ ба Сурия нишон медиҳад, ки саркӯбии норозиён ғайри қобили қабул аст. Имрӯз фаъолони ҳуқуқи башар ва шоҳидони айнӣ гуфтанд, ки нируҳои амниятии Сурия бо ҳимояти тонкҳо ба шаҳри Даръо воқеъ дар ҷануби Сурия ҳамла бурдаанд. Дар ин шаҳрак як моҳ пеш тазоҳуроти эътирозии зидди давлати Башор Асад оғоз шуда буд. Сокинон мегӯянд, ки нируҳои низомӣ вориди ин шаҳрак шудаанд. Урдун ҳам таъйид кардааст, ки Сурия марзҳои ҷанубии худро бо Урдун бастааст. Бино ба маълумоти фаъолони ҳуқуқи башар, аз оғози нооромиҳо дар Сурия то ҳол 350 нафар кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG