Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрону Ироқ созишномаи истирдод имзо карданд


Эрону Ироқ дар бораи истирдоди шаҳрвандони якдигар созишнома имзо карданд ва он намунаи беҳбуди муносиботи ду кишвари ҳамсоя арзёбӣ мешавад. Муносиботи ин кишвар аз давраи ҷанг дар солҳои 1980 сард шуда буд. Ин созишномаро вазирони адлияи ҳар ду кишвар рӯзи якшанбе дар Теҳрон имзо карданд. Матбуоти Эрон сару садоҳое пахш кардааст, ки гӯё тибқи ин санад Ироқ ирониҳоеро низ бар хоҳад гардонд, ки террорист шинохта шудаанд.
XS
SM
MD
LG