Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ваъдаи Алӣ Солеҳ тазоҳургарони яманиро ором накард


Яке аз тазоҳуротҳои густурдаи зиддидавлатӣ дар шаҳри Тойиз дар Яман дар рӯзи 14 апрел
Яке аз тазоҳуротҳои густурдаи зиддидавлатӣ дар шаҳри Тойиз дар Яман дар рӯзи 14 апрел
Бо вуҷуди эъломи Алӣ Абдулло Солеҳ, раиси ҷумҳури Яман барои канорагирӣ аз қудрат, тазоҳурот имрӯз ҳам дар ин кишвар идома кард. Рӯзи шанбе, Алӣ Абдулло Солеҳ барои хотима додан ба тазоҳуротҳои зиддидавлатӣ ки ду моҳ боз идома доранд, пешниҳоди кишварҳои арабии Шӯрои ҳамкориҳои Халиҷи Форс барои канорагирӣ аз қудратро пазируфт. Бар асоси ин тарҳ, раиси ҷумҳури Яман бо шарти масуният аз пайгарди қонунӣ, дар муддати як моҳ қудратро ба муовинаш месупорад. Эътилофи нерӯҳои мухолифини Яман ин пешниҳодро бо баъзе аз мулоҳизот пазируфтанд. Аммо баргузоркунандагони тазоҳурот имрӯз талаб карданд, то Алӣ Абдулло Солеҳ фавран истеъфо диҳад ва ӯро ба ҷавобгарии ҷиноӣ бикашанд. Муҳаммад Абдул Ҳамид Шарбонӣ, як тазоҳургари яманӣ мегӯяд:" Алӣ Солеҳ, як дурӯғгу аст. Мо ба ӯ бовар надорем. Ӯ 33 сол боз дурӯғ мегӯяд. Ӯ ҳеҷ гоҳ рост намегуфт. Агар ӯ қобили эътимод мебуд, як ду дурӯғ мушкил надошт, вале мо ба ӯ бовар надорем."
XS
SM
MD
LG