Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хунрезӣ дар маросими дафн дар Сурия


Тазоҳуроти зиддидавлатӣ дар Сурия ҳафтаҳо боз идома дорад. Ин тазоҳурот дар шаҳри Бониёс аст.
Тазоҳуроти зиддидавлатӣ дар Сурия ҳафтаҳо боз идома дорад. Ин тазоҳурот дар шаҳри Бониёс аст.
Тазоҳургарон дар Сурия мегӯянд, нишонзан ва ё снайперҳо имрӯз ба маросими мотам дар ҳошияи шаҳри Димишқ тир андохта ва дасти кам 5 нафарро куштанд. Хабаргузории “Франс Пресс” аз қавли тазоҳургарон навиштааст, тирандозӣ аз болои бом ва ба сӯи издиҳоме сурат гирифт, ки ба самти оромгоҳе дар маҳалли Давма ҳаракат мекарданд. Дар дигар ҷойҳо ба гуфтаи фаъолони ҳуқуқ дар Сурия маъмурони амниятӣ дар Узайр ба сӯи афроде, ки ба маросими дафн омада буданд, тир андохта ду нафари онҳоро куштанд. Умар Қуробӣ, раҳбанри Созмони Миллии Ҳуқуқи Инсони Сурия рӯзи ҷумъа нерӯҳои амниятӣ 112 тазоҳургарро куштанд, ки алайҳи давлати Башшор Асад, раиси ҷумҳури Сурия эътироз мекарданд.
XS
SM
MD
LG