Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Либия “Predator”-ҳои Амрико ба парвоз медароянд


 MQ-1 Predator
MQ-1 Predator
Амрико гуфт, ба истифодаи ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин дар амалиёти Либия омодагӣ мебинад. Вазири дифоъи Амрико Роберт Гейтс гуфт, раиси ин ҷумҳурӣ Барак Обама ба истифодаи ҷангандаҳои “Predator”, ки бо мушакҳои “Hellfire” мусаллаҳанд, иҷозат додааст. Мақомоти Амрико мегӯянд, чунин ҳавопаймоҳо ба далели пасттар будани баландии парвозашон ба хусус дар шароити шаҳр бештар қобили истифода мебошанд.
Дар ҳоле ки ҷангҳо барои Мисрота ҳанӯз идома дорад, мақомоти Либия эълон карданд, ки ба хотири муқобила ба ҳар навъ талоши ҳамлаи заминии нирӯҳои НАТО ба мусаллаҳсозии мардуми мулкӣ оғоз кардаанд. Сарвазири Бритониё Девид Камерон аммо гуфт, НАТО қасди ирсоли нирӯи хушкигард ба Либияро надорад.
XS
SM
MD
LG