Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Танҳо калисо дар Румӣ баста шуд


Дилбар Нурматова
Дилбар Нурматова
Мақомоти ноҳияи Румии вилояти Хатлон фаъолияти танҳо калисои православӣ дар ин минтақаро манъ кардаанд. Дилбар Нурматова, муовини раиси ноҳияи Румӣ гуфт, ин ибодатгоҳ тибқи қонун сабти ном нашуда буд ва ба ҳамин далел баста шуд.
Дар ноҳияи Румӣ тақрибан 800 пайрави мазҳаби православӣ ба сар мебарад, ки ҳудуди 100 нафараш дар ин калисо намоз мегузоштанд. Онҳо аз ин ки танҳо калисо дар ноҳияро дар арафаи иди Пасха, аз муҳимтарин идҳои дини масеҳӣ бастанд, изҳори нигаронӣ мекунанд ва мегӯянд, акнун маҷбуранд барои намозгузорӣ ба Қӯрғонтеппа ё Душанбе бираванд.
XS
SM
MD
LG