Вакилони мардумии Қирғизистон ба нияти дафъи шарри шайтон имрӯз ҳафт гӯсфандро дар бинои порлумон забҳ кардаанд. Дар ин маросим ба гуфтаи Шоирбек Мамадоқторов, сухангӯи порлумон тақрибан ҳамаи вакилон ҳузур доштаанд. Ӯ гуфт, гӯшти ҳайвоноти забҳшударо ба куҳансолону маъюбон тақсим карда мешавад. Дар ҳукумати эътилофии сеҳизбии Қирғизистон чанде пеш ҷангу ҷанҷол бархост ва ҳатто вакилони ду ҳизб дар порлумон ба якдигар дарафтоданд.