Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯришиёни Либия як посгоҳи марзиро ишғол карданд


Шӯришиёни Либия мегӯянд, бо шикаст додани нерӯҳои вафодор ба Қаззофӣ як посгоҳи марзии кишвар бо Тунисро ишғол кардаанд. Шабон Абу Ситто, раҳбари шӯришиён гуфт, посгоҳи марзии Зуҳайбаро баъди се рӯзи ҷанг бо нерӯҳои Қаззофӣ дар наздикии шаҳри Нолут тассаруф карданд. Ҳамчунин имрӯз, паймони НАТО ба ғайринизомиёни Либия ҳушдор дод, ки худро аз нерӯҳои Қаззофӣ ва силоҳҳои онҳо дур бигиранд, то хатари қурбон шудани онҳо дар ҳамлаҳои ҳавоии НАТО камтар шавад. Пештар аз ин телевизиони давлатии Либия эълом кард, ки бар асари ҳамлаҳои ҳавопаймоҳои НАТО дар шаҳри Троблус, 7 нафар кушта ва 18 тани дигар маҷрӯҳ шудаанд.
XS
SM
MD
LG