Тим Ҳезерингтон, як аксбардор ва филмбардори маъруфи саҳнаҳои ҷанг, ки ба ҷоизаи Оскар низ номзад шуда буд, дар шаҳри аз сӯи нирӯҳои Муаммар Қаззофӣ иҳоташудаи Мисрота кушта шуд. Ин зодаи Бритониё ва ҳаммуаллифи филми мустанади "Restrepo" дар бораи рӯзгори асокири Амрико дар хатти пеши ҷабҳаи ҷанги Афғонистон ба хотири пайгирии набардҳо миёни нирӯҳои Қаззофӣ ва чирикиҳо ба Либия рафта буд. Тим Ҳезерингтон, ба гуфтаи ҳамкори амрикоияш Ҷоанна Рамос Бойер, дар дохили Мисрота, танҳо пойгоҳи таҳти назорати чирикиҳо дар ғарби Либия, ҷон бохтааст. Ассошиэйтед Пресс хабар дод, ки се аксбардори дигар сахт захмӣ шудаанд.