Қарзи хориҷии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ 44,6 миллион доллари дигар афзуда, ба 1 миллиарду 987 миллион доллар расидааст. “Азия Плюс”, ношири ин хабар, аз қавли мақомоти вазорати молияи Тоҷикистон навишт, ки ҳаҷми қарзи хориҷӣ ба 31,6 дарсади ҳаҷми маҷмӯъи маҳсулоти дохилии кишвар баробар шудааст.
Чин бо 746,7 миллион доллар дар раъси қарздиҳандагони Тоҷикистон қарор дорад. Душанбе ҳамин тавр аз Бонки ҷаҳонӣ 384,3 миллион, аз Бонки Осиёии рушд – 340,5 миллион ва аз Бонки исломии рушд 91,3 миллион доллар қарздор будааст. Фақат соли гузашта барои пардохти фоиз ё бахше аз қарзҳои хориҷии Тоҷикистон аз будҷаи давлат 244 миллион сомонӣ(55,6 миллион доллар) масраф шудааст, аз ҷумла зери 23 миллион доллар фақат барои пардохти фоизи ин қарзҳо.