Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳайати кормандони башарии СММ ба Мисурата меравад


Ҳайати кормандони башарии СММ ба зудӣ дар шаҳри Мисуратаи Либия, ки ҳадафи тирборони нерӯҳои вафодор ба Қаззофӣ қарор дорад, ба фаъолият шурӯъ мекунад.

Баронесса Валери Амос, муовини Дабири Кулли СММ оид ба ҳамоҳангсозии масоили башарӣ, дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Бенғозӣ гуфт, ки "ҳукумати Либия ба ман итминон дод, ки мо метавонем ба амалиёти башарӣ дар Мисурата шурӯъ кунем. То он лаҳзае, ки онҳо амнияти моро кафолат надоданд, мо наметавонистем аз ин иқдом кор бигирем. Акнун кафолат дода шуд".

Бар пояи иттилоъи ошӯбгарон, дар шабонарӯзи гузашта бар асари тирборони Мисурати аз сӯи нерӯҳи вафодор ба Муаммар Қаззофӣ 17 нафар ба ҳалокат расиданд ва даҳҳо нафар ҷароҳат бардоштанд.

Созмони байнулмилалии муҳоҷират изҳор намуд, ки айни ҳол ҳазор нафар талоши тарки ин шаҳрро доранд.
XS
SM
MD
LG