Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду инфиҷор дар "минтақаи сабз"-и Бағдод


Дар “минтақаи сабз”-и Бағдод, ки он ҷо муассисаҳои давлатӣ ва сафоратҳои хориҷӣ ҷойгиранд, имрӯз ду таркиш рӯх дод.

Ба иттилоъи расмӣ, дар инфиҷорҳо 9 нафар кушта шуда ва 23 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Панҷ тан аз қурбониёни ин ҳодиса – низомиёнанд. Полиси Ироқ хабар дод, ки ду мошини ҳомили маводи мунфаҷира дар постгоҳи воқеъ дар даромадгоҳи “минтақаи сабз” тарконида шуданд.

Моҳҳои ахир хушунат дар Ироқ коҳиш ёфтааст ва аммо ҳамлаҳои террористӣ зиёд рӯх медиҳанд.
XS
SM
MD
LG