Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Сербия интихоботи президентӣ барпо шуд


Овоздиҳӣ дар даври дувуми интихоботи раёсати ҷумҳурии Сербия идома дорад. Райъдиҳандагон ба ду номзади мақоми раёсатҷумҳурӣ, ки дар даври аввали интихобот дар ду ҳафтаи пеш шумораи бештари ороро ба даст оварданд, овоз медиҳанд. Номзад Борис Тадич-раиси ҷумҳури кунунӣ бештар ба Ғарб ва Иттиҳоди Аврупо ва номзад Томислав Николич бештар ба Русия гароиш доранд. Ҳар ду номзад мухолифи истиқлоли Косово аз Сербистон мебошанд. Интизор меравад, ки баъд аз ин интихобот раҳбарони албанитабори Косово истиқлоли онро эълон кунанд
XS
SM
MD
LG