Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Руҷӯъи Конодо ба Бритониё дар мавриди Афғонистон


Сарвазири Конодо Стивен Ҳарпер бори дигар ҳушдор дод, ки агар аъзои паймони НАТО ба Афғонистон нерӯи тозанафас нафиристанд, ин кишвар ҳам сарбозонашро ба ватан фаро хоҳад хонд.Сухангӯи Ҳарпер мегӯяд, раҳбари Конодо дар як сӯҳбати телефонӣ ба сарвазири Бритониё Гордон Браун иброз дошт, ки агар кишварҳои НАТО ба манотиқи ноороми ҷануби Афғонистон 1000 сарбоз ва муҳиммоти ҷангӣ нафиристанд, моҳи феврали соли 2009-ум 2500 низомии Конодо аз вилояти Қандаҳор берун мешаванд.
XS
SM
MD
LG