Як олим дар Туркия ба таҳқири Мустафо Камол Отатурк, бунёдгузори Туркияи муъосир, айбдор ва ба 15 моҳи зиндон маҳкум гардид. Додгоҳи шаҳри Измир профессори Донишгоҳи Ғозии Онкара Отилло Яйлоро дар таҳқир мероси Отатурк, ки Туркияи имрӯзаро дар рӯи шикастпораҳои империяи усмонӣ бино кардааст, гунаҳкор донист. Профессор вақте ба додгоҳ кашида шуд, ки дар соли 2006 барномаҳои Отатуркро зери суол бурд ва пурсид, чаро ҳама ҷоро аксу муҷассамаҳои Отатурк пур кардаанд. Профессор мақсад дорад, ба додгоҳи шикоят муроҷиат кунад.