Эрон интиқоли газ ба Туркияро баъд аз танаффуси бистрӯза аз сар гирифт. Ба иттилоъи мақомоти ширкати миллии гази Эрон, содироти ин маводи сӯхт ба кишвари ҳамсоя рӯзи якшанбе бо миқдори се миллион метри мукааб дар як шабонарӯз шурӯъ шуд. Интизор меравад, ки интиқоли газ ботадриҷ афзоиш ёбад.
Теҳрон содироти газ ба Туркияро аввалҳои ҳамин моҳ қатъ карда ва далел пеш оварда буд, ки аз як сӯ, бар асари сармои бесобиқа истифодаи дохилии ин маводи сӯхт афзудааст ва аз сӯи дигар, Туркманистон аз идомаи содироти газ ба Эрон сарпечӣ намудааст.