Имрӯз раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо фармони худ собиқ раиси шаҳри Қурғонтеппа Руқия Қурбоноваро муовини сарвазири кишвар дар умури иҷтимоъӣ таъйин намуд. Ӯ дар ин мақом Хайринисо Юсуфиро иваз кард.
Ҳамчунин бо фармони Э. Раҳмон собиқ муовини раиси Бонки миллӣ Шарифҷон Аҳмадҷоновро раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъйин гардид.