Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳуроти Ингушистон: як нафар маҷрӯҳ шуд


Имрӯз дар ҷумҳурии Ингушистони Русия баъди ин ки полис барои пароканда кардани тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ аз гази ашковар истифода бурда ба ҳаво тир холӣ кард, дасти кам як нафар маҷрӯҳ шуд. Садҳо нирӯҳои полис ва дигар афроди ниманизомӣ, ки барои поккории маҳалли тазоҳурот сафарбар шуданд, аз калтакҳои низомӣ истифода карданд. Тазоҳуроти имрӯзаи шаҳри Назран, ки дар он ҳудудан ҳазор нафар иштирок карданд, ба хатми фасоду ришват ва поймолкунии ҳуқуқи инсон даъват мекард. Дар миёни ширкатдорони эътирози имрӯза аксар ҷавонмардон буданд, ки сангу маводи оташзоро ҷониби полис партоб карданд. Дар пайи ин ҳодиса, даҳҳо нафар, аз ҷумла хабарнигорони мустақил ва фаъолони ҳуқуқи башар боздошт шуданд. Хабарнигори радиои Озодӣ, ки дар миёни онҳо буд, баъдан озод шуд.
XS
SM
MD
LG